Ниҳодҳои бахши нақлиёт афзоиш меёбанд

Февраль 14, 2014 15:19

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих ).- Соли  2013  барои  фаъолият  дар  бахши  хидматрасонии  нақлиёт  ба  ниҳодҳои  ин  соҳа  4  ҳазору  728  иҷозатнома  дода шуд. Алҳол   дар ин бахши   беш  аз  11  ҳазору  500 воҳиди  ниҳодҳо  бо  роҳи  иҷозатнома   фаъолият  доранд.  Вазири   нақлиёти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Хайрулло  Асозода  дар   нишасти  матбуотӣ  аз  натиҷаи   фаъолият тайи  соли  2013  дар  ин  бора  хабар  дод.
 
Ба  гуфтаи  вазир,   соли  2013 барои  таъмини  фаъолияти  судманд дар  фасли тирамоҳу  зимистони   солҳои  2013 — 2014  дар  ҳамаи  муассисаҳои  давлатӣ  ҷиҳати   беҳдошти   вазъи  роҳҳои  мошингард  қариб  59  ҳазор  метри  мукааб  реагентҳо, 358  тонна  ангишт ва 561  метри  мукааб ҳезум  захира   шуда буд. 
 
Дар  нишасти  матбуотӣ  ҳамчунин  зикр  шуд, ки  Корхонаи  воҳиди давлатии  «Институти  тадқиқоти  илмӣ  ва  лоиҳакашӣ» — и  Вазорати   нақлиёти  ҶТ   ба  маблағи  5  миллиону  300  ҳазор  сомонӣ   корҳои тадқиқотиро  анҷом  додааст, ки  3  миллиону  500 ҳазори  он  ба  иҷрои  корҳо  барои  бунёду  барқарорсозии   сохтори   нақлиётӣ  рост  меояд.
 

Февраль 14, 2014 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад