Об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад

Февраль 14, 2014 12:48

Мақолаи Султон Раҳимов, Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар рӯзномаи Парлумони Аврупо “EP Today”, 09 феврали соли 2014, ш.Брюссел 1. СарсуханТоҷикистон дар маркази қитъаи Авруосиё дар қисмати ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Кишвар бо масоҳати 142,55 ҳазор км2 дар шимол бо Ҷумҳурии Қирғизистон (тақрибан 987 км), дар шарқ бо Хитой (494,95 км), дар ҷануб бо Афғонистон (1344,15 км) ва дар ғарб бо Ӯзбекистон (1332,9 км) ҳамсарҳад аст. Аз рӯи хислати сатҳи худ Тоҷикистон – мамлакати хоси кӯҳсор буда, дорои баландиҳои мутлақ аз 300 то 7495 м. аст. 93% қаламрави онро кӯҳҳо ишғол менамоянд, ки ба низомҳои кӯҳҳои баландтарини Осиёи Марказӣ – Тяншон ва Помир шомил ҳастанд. Қариб нисфи қаламрави Тоҷикистон дар баландии беш аз 3000 м қарор дорад. Тоҷикистонро метавон намунаи ба худ хоси сайёра шуморид, чунки дар қаламрави хурди он қариб ҳамаи минтақаҳои иқлимӣ бо дараҷаи ҳарорат аз +50 С то -60 С ба мушоҳида мерасанд. Иқлими кишвар хушк ва аз гармӣ фаровон буда, хусусиятҳои солонаи он зудтағйирёбанда ҳастанд. Минимуми мутлақи ҳарорати ҳаво -63 С дараҷа дар Помири шарқӣ ба қайд гирифта шудааст ва максимуми мутлақ бошад +47 С дараҷа дар ҷануби кишвар. Кӯҳҳои баланд ва иқлими мусоид Тоҷикистонро ба як “хонаи” хоси пиряхҳо ва мутаносибан захираҳои бузурги об табдил медиҳанд, ки аз рӯи захираи онҳо кишвар дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол мекунад. Минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар минтақаи асосии ташаккули маҷрои ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳанд. Дар навбати худ, захираҳои бузурги об, ки тавассути маҷроҳои дарёҳои кӯҳӣ ҷорӣ мешаванд ва резишҳои бузург аз баландиҳо иқтидори бузурги гидроэнергетикиро ба вуҷуд меоранд, ки аз рӯи захираҳои он Тоҷикистон мақоми пешбарандаро на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон ишғол менамояд. Захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон хурд ҳастанд ва азхудкунии конҳои ангишт дар робита ба ҷойгиршавӣ дар мавзеъҳои мушкилгузари кӯҳӣ ҳоло дар сатҳи саноатӣ ба роҳ монда нашудааст. Нокифоягии захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ ва ихтисоршавии маҷрои дарё дар давраи зимистон дар Тоҷикистон ба норасоии ҷиддии қувваи барқ дар давраи тирамоҳ ва зимистон оварда мерасонад. Монеаҳо дар воридот ва транзити қувваи барқ аз дигар кишварҳо ин мушкилотро душвортар мегардонанд. Чунин омил аллакай қариб 15 сол идома меёбад ва ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсир мерасонад.Дар Тоҷикистон мисли тамоми ҷаҳон тағйирёбии иқлим возеҳ мушоҳида карда мешавад. Дар 65 соли охир дар водиҳои васеъ ҳарорати ҳавои миёнасолӣ ба 0,7-1,2 дараҷа болотар рафтааст, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ба 0,1-0,7 дараҷа, дар шаҳрҳо ба 1.2-1,9 дараҷа. Дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим пиряхҳои кишвар тағйир ёфтанд ва тибқи баъзе арзёбиҳо дар 50-60 соли охир онҳо 20% ҳаҷм ва 30% масоҳатро аз даст доданд. Набудани захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ дар ҳаҷми бузург ва истифодаи об ба сифати манбаи асосии тавлиди нерӯи барқ, дар баробари аҳамияти стратегии об барои таъмини нӯшокии аҳолӣ ва кишоварзӣ, Тоҷикистонро нисбати захираҳои об хеле ҳассос мегардонанд ва мутаносибан Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои обӣ дар тамоми сатҳҳо авлавияти баландтарин медиҳад.2. Захираҳои обӣ ва аҳамияти онҳо барои рушди устувори Тоҷикистон Асоси захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва ҳаҷми умумии онҳо 845 км3 арзёбӣ мегардад. Теъдоди пиряхҳо дар ҷумҳурӣ ба беш аз 14509 адад мерасад ва масоҳати умумии яхбандии онҳо 11146 км2 аст. Тавассути қаламрави кишвар 947 дарё ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумии онҳо беш аз 28500 км аст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 80% маҷрои Амударё ва 1% маҷрои Сирдарё ташаккул меёбад. Дар маҷмӯъ ин 64 км3 дар як сол ташкил медиҳад, ки ба 55,4% аз маҷрои умумии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал баробар аст. Дар кӯлҳои Тоҷикистон беш аз 46,3 км3 об ҷамъ шудааст, ки аз онҳо 20 км3 обҳои ошомиданӣ мебошанд. Дар кишвар 10 обанбор бо ҳаҷми умумии 15,353 км3 вуҷуд дорад. Онҳо 23,9% маҷроро, ки дар қаламрави кишвар ташаккул меёбад ва бо назардошти ҷоришавӣ аз мамлакатҳои ҳамсарҳад 17,5%-ро ба танзим медароранд. Захираҳои обҳои зеризаминии Тоҷикистон дар ҳаҷми 18,7 км3 дар як сол арзёбӣ мегарданд, ки захираҳои истифодашавандаи онҳо 2,8 км3 дар сол мебошанд. Истеъмолгарони асосии об дар Тоҷикистон заминдории обёришаванда, ки ҳиссаи он аз 85 то 90% аз ҳаҷми умумии обҳои истифодашавандаро ташкил медиҳад, таъмини об барои хоҷагидорӣ ва нӯшокӣ – то 2-3%, саноат – то 2-3% ва моҳидорӣ – то 2% маҳсуб меёбанд. Заминдории обёришаванда самти аз ҷиҳати стратегӣ муҳими иқтисодиёти кишвар мебошад. Он то 90% ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзиро таъмин менамояд, ки то 20% ММД-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, заминдории обёришаванда ба рушди иқтисод ва ба даст овардани амнияти озуқаворӣ саҳми бузург мегузорад. Аҳамияти заминдории обёришаванда дар таъмини шуғли аҳолии деҳот, ки беш аз 70% аҳолии кишварро ташкил медиҳад, калон аст.Захираҳои фароғатии Тоҷикистон низ иқтидори муҳими рушди ояндаи кишвар маҳсуб меёбанд. Дар мамлакат 162 ёдгории табиии ландшафтӣ, беш аз 200 сарчашмаи обҳои маъданӣ, 18 кӯли лоӣ ва шӯр мавҷуд аст. Ин захираҳо барои гузоштани сармояи миллӣ ва хориҷӣ муассир ҳастанд ва метавонанд дар оянда яке аз унсурҳои асосии рушди иқтисоди кишвар шаванд.Захираҳои обӣ барои нигоҳдории низомҳои экологӣ, хусусан киштзори обию ботлоқӣ, минтақаҳои табиии махсусан ҳифзшаванда, ки дар байни онҳо муҳимтаринашон “Бешаи палангон” ва Боғи миллии Тоҷикистон мебошанд ва дорои аҳамияти биосферӣ ҳастанд, нақши муҳимро мебозанд.Дар баробари манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, захираҳои обӣ таъсири манфӣ низ мегузоранд. Шароити вазнини ҷуғрофӣ кишварро нисбати чунин офатҳои табиӣ, ба монанди селу обхезӣ, ки то 25 маротиба ҳар даҳсола такрор меёбанд, ҳассос мегардонад. Дар солҳои махсусан сероб зиёни Тоҷикистон аз обхезию селҳо то садҳо миллион доллари ИМА мерасад. Танҳо зарари селҳо ва обхезиҳои соли 2010 беш аз 600 миллион доллари ИМА-ро ташкил доданд. Ин омил талошҳои кишварро ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, аз ҷумла ҲРҲ, хеле заиф мегардонад. Ин иштирокчиёни муҳимтарини маҷмааи хоҷагии об асоси рушди миллиро дар Тоҷикистон муайян месозанд. Шакли аз ҳама авлавиятноки истифодаи об дар кишвар ин таъмини об ҳамчун нӯшокӣ ва бо мақсади беҳдошт аст, вале аз рӯи аҳамият дар таъмини рушди иқтисодӣ ҳамаи шаклҳо ба гидроэнергетика таслим мешаванд. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. кВт/соат дар як сол арзёбӣ мегардад, ки се маротиба аз истеъмоли имрӯзаи қувваи барқ аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст. Аз рӯи захираҳои эҳтимолии умумии гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Аз рӯи нишондодҳои нисбии иқтидори гидроэнергетикӣ дар як километри мукааби қаламрав (3696,9 ҳазор кВт/с дар як сол/км2) ва ба ҳар нафари аҳолӣ (65,9 ҳазор кВт/с дар як сол/нафар) кишвар мутаносибан якум ва дуюм ҷойро дар ҷаҳон дорост.Истифодаи муосири захираҳои гидроэнергетикӣ барои тавлиди тақрибан 17 млрд. кВт/с қувваи барқ дар Тоҷикистон дар як сол, ки қариб 3% аз иқтидори мавҷударо ташкил медиҳад, мусоидат мекунад. Қисмати гидроэнергетика дар нақшаи умумии тавозуни сӯзишворию энергетикии кишвар беш аз 98%-ро ташкил медиҳад. Истеъмолгарони асосии қувваи барқ дар кишвар саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва алоқа, бахши хоҷагидорӣ-маишӣ мебошанд. Дар асл, маҳз ҳамин бахшҳо барои рушди иқтисод калидӣ ҳастанд, ки сохтори ММД-и кишвар аз ин шаҳодат медиҳад. 3. Сиёсати обии минтақавӣ ва глобалии ТоҷикистонЗимни баррасии мавҷудияти захираҳои бузурги обӣ ва иқтидори гидроэнергетикӣ барои таъмини рушди устувори кишвар, Тоҷикистон ҳамчунин аҳамияти ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя барои азхудкунии муассири онҳо ва истифода ба нафъи тамоми минтақа дарк менамояд. Чунки дар Осиёи Марказӣ сулҳ, субот ва рушд пурра аз мавҷудияти захираҳои обӣ ва ҳамкории байнидавлатии дар сатҳи хуб бароҳмондашуда вобаста ҳастанд.Бо назардошти ин, сиёсати Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият ба пешбурди масъалаи обӣ дар ҳамаи сатҳҳо нигаронида шудааст. Таъмини фаҳмиши умумии муносиби аҳамияти захираҳои обӣ барои рушди устувор ва муҳимияти ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳамчун омили калидӣ барои дастрасӣ ба ҳалли ин вазифа, ҳамеша дар меҳвари чунин сиёсат қарор доштанд. Дар пайравии чунин сиёсат, Тоҷикистон соли 1992 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудирияти муштараки истифода ва ҳифзи захираҳои обии сарчашмаҳои байнидавлатиро ба имзо расонид ва соли 1993 ҳамтаъсисгари Бунёди байналмилалии наҷоти Баҳри Арал шуд. Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон аз Баҳри Арал ва минтақаи таъсири буҳронии он дур ҷойгир аст, вале кишвар ба талошҳои ҳамсоягони худ ҳамроҳ шуд, то якҷоя ба таъсири ин офати гуманитарӣ муқовимат нишон диҳад. Дар баробари ташаккул кардани қариб 60% маҷрои обии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал, Тоҷикистон ба таври васеъ бо ҳамсоягон захираҳои обиро тақсим мекунад. Ҳамин тариқ, аз 64 км3 оби дар қаламрави кишвар ташаккулёбанда Тоҷикистон танҳо 10-11 км3-ро истифода мебарад, ки 10% аз маҷрои умумии ҳавзаро ташкил медиҳад. Ва ин дар он сурате, ки нишондиҳандаҳои нисбии кишвар аз рӯи ҳаҷми об ва масоҳати обёришаванда ба ҳар нафар дар Осиёи Марказӣ аз ҳама паст ҳастанд. Тоҷикистон, ҳамзамон бо дигар кишварҳои минтақа, ҳамасола ҳаҷми иловагии обро барои дастгирии низомҳои экологии минтақаи назди Арал ва Баҳри Арал ҷудо мекунад. Ҳамин тавр, дар солҳои 1992-2010 ба Баҳри Арал ва минтақаи назди Арал аз ҳисоби миёна 12,1 км3 об дар як сол ҷудо карда мешуд, ки чанде аз лимити солонаи Тоҷикистон зиёдтар аст. Тоҷикистон борҳо бо ташаббуси азхудкунии муштараки захираҳои бойи гидроэнергетикии худ баромад мекард, ки метавонад минтақаи Осиёи Марказиро бо қувваи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд. Сатҳи ҷаҳонии амалиёти кишварҳо оид ба масъалаҳои обӣ тавассути талошҳо ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои обӣ ва беҳсозии ҳамкорӣ дар соҳаи об тавсиф меёбад. Кишвар масъалаҳои соҳаи обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона пеш мебарад ва ташаббускори қариб ҳамаи қатъномаҳои “обии” Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар даҳсолаи охир мебошад. Маҳз бо таклифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 эълон шуданд, ки дар консепсияи онҳо ғояи додани авлавияти баланд ба масъалаҳои обӣ ва татбиқи чораҳои муносиб ҷиҳати ҳалли онҳо дар ҳамаи сатҳҳо таҷассум ёфтааст. Дар ин давра, шаҳри Душанбе борҳо мавзеи баргузории муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва таҳияи тавсияҳо ва чораҳо оид ба ҳалли муассири онҳо буд.Дар ин робита, диққати махсусро ташаббуси Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об тақозо менамояд, ки натиҷаи зарурати рушду таҳкими ҳамкорӣ дар шароити норасоии афзоишёбандаи захираҳои обӣ ва болоравии талабот ба онҳо буд. Қабули ду қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ ба ин муносибат ба иттифоқи оро аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба чунин усулро дастгирӣ менамояд ва ҳамкории обиро ба сифати калиди муҳим барои ҳалли мушкилоти мазкур мебинад. Дар рафти он сол ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди рӯйдодҳои басо шавқовар ва самаранок, мубоҳисаҳо ва муҳокимарониҳои пуравҷи доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор оид ба ҷанбаҳои мухталифи мушкилоти обӣ шуда буд: шахсони воломақом, коршиносон ва олимон, намояндагони ҷонибҳои гуногуни манфиатдор. Мисолҳои сиёсат ва амалияи бомуваффақият, тавсияҳо ҷиҳати беҳсозии ҳамкорӣ дар соҳаи об тавассути истифодаи афзорҳо ва воситаҳои гуногун дар чаҳорчӯби ин вохӯриҳо муаррифӣ ва муҳокима гардида буданд. Яке аз муҳимтарин чорабиниҳои Соли мазкур Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об буд, ки қариб 1300 иштирокчиро аз беш аз 100 кишвар ва 70 созмони байналхалқӣ ҷамъ оварда буд. Конфронс кори худро бо қабули се санад ба анҷом расонид: Изҳорот, Хулосаи раисикунандаи Конфронс ва Барномаи ҳошиявии Душанбе оид ба амалҳо дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки ҷамъбасти асосии муҳокимарониҳои барпогардида, хулосаи муфассали ҷаласаҳо ва панелҳои сатҳи баланд, ӯҳдадориҳо ва амалҳои ҷонибҳои гуногуни манфиатдор оид ба пешбурди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар бар мегиранд.Бинобар талошҳои муштарак, Сол, бешубҳа, дар рушди муколама ва ҳусни тафоҳум, таҳкими ҳамкорӣ ва шарикӣ, ки унсури муҳимтарин барои ҳалли масъалаҳои обӣ дар олами муосири зудтағйирёбанда мебошанд, яке аз давраҳои муҳим буд. Возеҳан, ҳамбастагӣ, иқтидор, талошҳои муштарак, инчунин татбиқи усулҳо ва афзорҳои самаранок ва ба ҳам мувофиқ кафолати дастрасӣ ба муваффақият дар ин самт хоҳанд шуд. 4. Чолишҳои обии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар Осиёи МарказӣДар минтақаи Осиё Марказӣ тақсимоти обии нобаробар дида мешавад. Зиёда аз 80% захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал дар қаламрави ду кишвари болооб Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбад, ҳол он ки истеъмоли об (зиёда аз 85%) дар кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон сурат мегирад. Вале манфиатҳои кишварҳои болооб ва поёноб оид ба истифодабарии замони он мухолифат мекунад. Ҳамин тавр, кишварҳои болооб, ки дорои захираҳои бузурги карбогидридҳо нестанд, манфиатдор мебошанд, то дар мавсими зимистон, ки талабот ба нерӯи энергетики зиёд аст, обпартоии бузургро анҷом диҳад, вале кишварҳои поёноб ба обпартоии бузург дар давраи тобистон барои обёрикунӣ эҳтиёҷ доранд. Бе шакку шубҳа, мухолифати манфиатҳои обёрикунӣ ва гидроэнергетикӣ ба зиддият байни кишварҳои болооб ва поеноб меоварад.Дар навбати худ, дар асри 20 Осиёи Марказӣ бо дигар фалокат – хушкшавии баҳри Арал дучор шуд. Аз соли 1960 то соли 2000 масоҳати заминҳои обёришаванда тақрибан ду маротиба зиёд гардида, зиёда аз 8 млн. га ташкил хоҳад дод. Масоҳати заминҳои обёришаванда асосан дар кишварҳои поёноб зиёд гардид, даштҳои қаламрави онҳо барои рушди зироаткорӣ шароити хуб фароҳам оварда буд. Дар натиҷаи ин сарфи об аз Амударё ва Сирдарё ду маротиба зиёд гардид, ки он ба пастшавии маҷрои об ба Баҳри Арал ва камобшавӣ оварда расонд. То имрӯз баҳр зиёда аз 90% аз ҳаҷми пешинааш ва зиёда аз 80% масоҳаташро гум кардааст, ки дар навбати худ мушкилиҳои зиёди на танҳо экологӣ, балки иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба миён овардааст. Ҳаҷми буҳрони Баҳри Арал бузург аст ва чи тавре борҳо қайд гардида буд, аз ҳудуди Осиёи Марказӣ гузаштааст.Имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ инчунин бо чолишҳои нав дучор шуда истодааст, ки миёни онҳо нигаронии махсусро тағйирёбии иқлим ва зиёдшавии аҳолӣ ташкил дода, аз як тараф ба камшавии захираҳои обӣ ва аз тарафи дигар зиёдшавии истеъмоли об меоварад.Тибқи баҳодиҳии коршиносон, захираҳои пиряхҳо дар минтақа, сар карда аз нимаи дуюми асри 20, бо шиддати миёна 0,6-0,8% дар як сол аз рӯи масоҳати обшавӣ ва тақрибан 0,1% — аз рӯи ҳаҷми ях кам шуда истодаанд. Тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон низ таъсир расонид, ки маҷрои бузурги дарёи ҳавзаи Амударёро ташкил медиҳанд. Аз ҳама бузургтарин пиряхи Федченко дар кишвар ҳаҷмаш зиёда аз 70 км дар асри XX тақрибан 1 км кам шудааст ва аз руи масоҳаташ 11 км2 ва тақрибан 2 км3 яхаш кам шудааст. Мутаассифона ин раванд бемайлон идома ёфта истодааст. Пешгӯиҳо оид ба идомаи обшавии пиряхҳо ва коҳиши маҷрои об аз андак (5-10%) то бениҳоят бузург (10-40%) нишондиҳанда дар ояндаи дарозмуддат низ тассалӣ намедиҳанд. Ин мушкилӣ бо зиёдшавии талабот ба об, бинобар зиёдшавии демографӣ торафт афзуда истодааст. Минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин масоил яке аз фаъолтарин мебошад. Аз соли 1960 то соли 2010 аҳолии минтақа зиёда аз се маротиба зиёд шудааст. То имрӯз зиёда аз 60 млн. нафар дар ин минтақа истиқомат менамоянд. Аён аст, ки зиёдшавии аҳолӣ ба зиёдшавии истеъмоли об меоварад. Тибқи баъзе ҳисобҳо то соли 2030 зиёдшавии истеъмоли об дар Осиёи Марказӣ 15-20% аз сатҳи ҳозира ташкил хоҳад дод. Агар камшавии маҷрои об бинобар тағйирёбии иқлим дар ин давра ба инобат гирифта шавад, пас вазъият бениҳоят хатарнок хоҳад шуд.Ҳоло аллакай захираҳои табиии маҷрои ҳавзаи Баҳри Арал пурра сарф карда шудаанд ва хоҷагидории минтақа дар шароити норасоии об рушд ёфта истодааст. Айни замон истифодаи онҳо ҷамъулҷам 130-150% дар ҳавзаи Сирдарё ва 100-110% дар ҳавзаи Амударё ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, оқибати таъсири тағйирёбии иқлим ба кишоварзӣ, махсусан, зироаткорӣ, ки зиёда аз 90% захираҳои обии минтақаро истеъмол менамояд, ҳис карда хоҳад шуд.Ҳамзамон норасоии об ва барқ сол аз сол ҳис карда мешавад. Бинобар тағйирёбии иқлим дар минтақа падидаҳои ғайриоддии табиӣ дида мешаванд – хушксолӣ ва сардиҳои дарозмуддат, ки камбудии муҳимро дар таҳвили барқ ва батанзимдарории боэътимоди захираҳои обӣ нишон медиҳад, шаҳодати возеҳ аст. Хабархои ВАО дар хусуси қатъ гардидани таҳвили барқ на танҳо дар Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳои минтақа, мушкилиҳо оид ба норасоии об дар мавсими тобистон, масхусан дар мавсими хушксолӣ, бештар мавзуи баҳс дар сатҳи давлатӣ мешаванд.Дар чунин ҳолат мавҷуд набудани ҳамкории минтақавӣ, ки хатар ва хароҷоти муҳимро ба бор меорад, инчунин нигаронкунанда аст. Ҳоло дар соли 2006 коршиносон баҳо доданд, ки аз идоракунии ғайрисамараноки захираҳои обӣ минтақа 1,75 млрд долл. ШМА ва ё 3,6% ММД зарар мебинад. Мушкили асосӣ, ки садди роҳи ҳамкории обӣ-энергетикии пурарзиш дар Осиёи Марказӣ қарор дорад, ин сиёсат ва манфиатҳои кулли минтақа мебошад, ки асоси онро усулҳои худтаъминкунии барқӣ ва захираҳои обӣ ташкил медиҳад ва ин ба тамоми кишварҳои минтақа гарон афтида истодааст.Чунин раванд бешубҳа нигаронкунанда аст. Идомаи чунин сенария оқибати бениҳоят муҳим дар таъмини амнияти обӣ ва энергетикӣ дар минтақа дорад. Ҳамаи ин қабули тадбирҳои оҷилро баҳри мувофиқ намудан ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои обӣ дар минтақа роҳнамоӣ менамояд. Дар навбати худ ба чунин мақсад танҳо дар натиҷаи ҳамоҳангсозии амалҳои тамоми кишварҳои манфиатдор дар асоси ҳамкории минтақавии хуб бароҳмондашуда ноил шудан мумкин аст.5. Обро ба маҷрои ҳамкорӣ равон мекунемДар ҳоли доштани захираҳои бузурги обӣ ва иқтидори гидроэнергетикӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар бораи омодагӣ барои ҳамкорӣ дар асоси мутақобилан судманд бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва пеш аз ҳама бо ҳамсоякишварҳо оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи онҳо ба нафъи тамоми кишварҳои минтақа мавқеи худро иброз дошта буд. Азхудкунии муштараки ин иқтидори бузург метавонист ба ҳалли комплексии мушкилоти зиёди муосир ва оянда дар Осиёи Марказӣ мусоидат расонад. Пеш аз ҳама, ин таъмини амнияти обӣ ва таъмини бокафолати об барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои хушксолӣ тавассути сохтмони обанборҳо мебошад, ки метавон маҷрои дарёро дар давраи солҳои зиёд ва мавсимӣ танзим намуд. Ҳаҷмҳои танзимкунандаи амалкунандаи обанборҳои ҳавзаи дарёи Амударё барои танзими бисёрсолаи маҷро нокифоя ҳастанд, ки дар шароити вазъи нокомёби гидрологӣ метавонад ба талафоти зиёд дар заминдории обёришаванда оварда расонад. Мисол, дар солҳои 2000-2001 дар натиҷаи ду соли хушксолӣ дар поёноби Амударё қариб 500 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда аз гардиш баромаданд ва ба иқтисод зиёни калон расониданд. Минбаъд якчанд сол лозим буд, ки онҳоро такроран ба гардиши хоҷагидорӣ баргардонанд. Ин талафотро метавонистанд ҷилавгирӣ кунанд, агар дар он ҳолат дар ҳавзаи Амударё ҳаҷми кофии обанборҳо барои танзими бисёрсолаи маҷро вуҷуд медошт. Барои мисол, анҷоми сохтмони НОБ-и Роғун, ки ҳанӯз соли 1976 бо ҳаҷми самараноки обанбор 8,6 км3 оғоз гардид, якҷоя бо обанборҳои Норак ва Туямуюн метавонист танзими боэътимоди маҷрои Амударёро бо коэфисиенти α=0,92 таъмин намояд, ки ба талаботи истеъмолгарони об дар сатҳи истифодаи захираҳои худии ҳавза ҷавобгӯ мебуд. “Барои ҳавзаи Амударё мӯҳлати ба кор андохтани обанбори Роғун аҳамияти калон дорад, чунки оғоз аз аллакай соли 1986 талаботи истеъмолгарони об ба маҷрои Амударё аз имкониятҳои танзими мавсимии он дар солҳои камобӣ зиёдтар мешаванд. Аз ин лиҳоз, давраи рушди хоҷагии оби ҳавза то ба истифода додани обанбори Роғун метавонад дар сурати тавъамшавии номусоиди солҳои камобӣ муташанниҷ шавад” – аҳамияти анҷоми ҳарчи зудтари сохтмони обанбори Роғун дар нақшаи КИОВР Амударё чунин шарҳ дода шудааст. Дуюм, азхудкунии иқтидори бойи гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таъмини минтақа бо қувваи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекард. Дар давоми 10-15 соли охир мардуми Тоҷикистон дар шароити норасоии шадиди барқ дар давраи зимистон зиндагӣ мекунад. Панҷум сол аст, ки аз сабаби қатъи транзит дар давраи сармотарини сол ба аҳолии кишвар қувваи барқ 2-3 соат дар як шабонарӯз дода мешавад ва дар баъзе ноҳияҳо аҳолӣ ҳатто 2-3 моҳ пайиҳам қувваи барқ надорад. Ин омил ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии кишвар зарари зиёд мерасонад. Дар солҳои охир норасоии қувваи барқ дар давраи зимистон ҳамчунин дар кишварҳои дигари минтақа ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тавр, азхудкунии муштараки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба қонеъгардонии талаботи рӯзафзуни на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.Сеюм, азхудкунии захираҳои гидроэнергетикӣ инчунин ба ихтисори калони партовҳои газҳои ангидриди карбон ба фазо мусоидат менамояд. Ҳоло қисмати сӯзишвории органикӣ дар сохтори тавозуни умумиминтақавии сӯзишворию энергетикӣ беш аз 90% ташкил медиҳад. Возеҳан, дар ин ҳолат ба фазо ҳаҷми бузурги газҳои ангидриди карбон партофта мешаванд. Боиси зикр аст, ки аз беш аз 200 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуокисаи карбон дар ҷойи 154 меистад. Партовҳои газҳои гулхонаӣ ба як сари аҳолӣ дар Тоҷикистон камтар аз 1 тон ба як нафар дар як солро ташкил медиҳанд ва қисмати партовҳои он дар миқёси минтақа танҳо 5%-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, рушди гидроэнергетика ба самти иқдомоти дар сатҳи глобалӣ андешидашаванда оид ба гузариш ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи қувваи барқ, ки ҳоло ҳамчун авлавияти асосӣ барои гузариш ба иқтисоди “сабз” баррасӣ мешавад, мувофиқ аст.Чорум, тавлиди қувваи барқи обии арзон ба сарфакории бузурги захираҳои нафт, газ ва ангишт мусоидат хоҳад кард, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои минтақа барои истеҳсоли қувваи барқ хеле самаранок истифода мегарданд. Ҳамин тавр, гидроэнергетика ҳамчунин аз ҷиҳати истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар дурнамо муҳим аст. Тибқи маълумоти Стратегияи ҳамкории минтақавӣ оид ба истифодаи оқилона ва муассири захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби мутахассисони минтақа дар ҳошияи барномаи махсуси СММ-СПЕКА таҳия шуда буд, захираҳои нафту газ дар минтақа барои 60 соли дигар боқӣ мондаанд. Бо тамоми шудани захираҳои мазкур зарурати гузариш ба энергетикаи ангиштӣ ё атомӣ ба миён хоҳад омад, ки бо “тозагии экологии” худ машҳуранд. Ҳамин тавр Осиёи Марказиро метавонад на он қадар дурнамои дурахшон мунтазир шавад. Панҷум, обанборҳои гидроузелҳо ба пешгирии чунин зуҳуроти экстремалии гидрометеорологӣ ба монанди хушксолӣ, боришот, селҳо ва обхезиҳо, ки ҳамасола ба иқтисоди қариб ҳамаи кишварҳои минтақа зарари бузург мерасонанд, мусоидат мекунанд.Ҳамчунин пешниҳоди Тоҷикистон оид ба бунёди Консортсиуми байналмилалии истифодаи оби тозаи кули Сарез бо мақсади таъмини аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тозаи ошомиданӣ шоистаи таъкид аст. Дар пасманзари афзоиши норасоии захираҳои обӣ дар минтақа, лоиҳа бешубҳа сазовори таваҷҷӯҳи махсус мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ин ҳолат хавфи шикасти ин кул, ки ба ҳаёти 6 млн. нафар дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон таҳдид мекунад, хеле ихтисор мешавад.Ҳалли ин мушкилот дар навбати худ ба болоравии иқтисод, коҳиши камбизоатӣ, ва дар маҷмӯъ суръатбахшии дастрасӣ ба рушди устувори кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард. Ин омил ҳамчунин ба бароҳмонии ҳамкории муассиртар ва зичтари байни кишварҳо ва рушди равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон комилан метавонанд асоси рушди устувор ва катализатори равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ шаванд. Маҳз дар ҳамин усул шиори асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соҳаи об асос меёбад: “Об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад”.

Февраль 14, 2014 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд