Рушди «Мадад»

Февраль 5, 2014 14:58

Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад» бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ якчанд шартномаро бо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо ширкати ЮТО-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо ширкати «ФОП-Михайличенко»-и Ҷумҳурии Украина, «КАП-Хамсе»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Лидаселмаш»-и Беларус ва «Агромастер»-и Туркия  ба имзо   расонид,  ки соли сипаригардида дар асоси ин шартномаҳо ба ҷумҳурӣ ба маблағи 2 млн. 450 ҳазор сомонӣ техникаю мошинолоти кишоварзӣ ворид гардид. 
Тавре ки  аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар минтақаҳои  ҷумҳурӣ аз тарафи корхона то ба имрўз 17 адад нуқтаи фурўши қисмҳои эҳтиётӣ ва дар ноҳияи Рўдакӣ як адад нуқтаи фурўши техникаи кишоварзӣ ташкил  шудааст, ки дар айни замон  ба  хоҷагиҳои кишоварзӣ хизмати техникӣ мерасонад. Ҳамзамон дар анборҳои корхона ва нуқтаҳои фурўши қисмҳои эҳтиётӣ  ба маблағи  зиёда аз 1 млн. 47 ҳазор сомонӣ техникаю қисмҳои эҳтиётӣ мавҷуд мебошанд. 
 

Февраль 5, 2014 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад