Рушди «Мадад»
Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад» бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ якчанд шартномаро бо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо ширкати ЮТО-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо ширкати «ФОП-Михайличенко»-и Ҷумҳурии Украина, «КАП-Хамсе»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Лидаселмаш»-и Беларус ва «Агромастер»-и Туркия ба имзо расонид, ки соли сипаригардида дар асоси ин шартномаҳо ба ҷумҳурӣ ба маблағи 2 млн. 450 ҳазор сомонӣ техникаю мошинолоти кишоварзӣ ворид гардид.
Тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз тарафи корхона то ба имрўз 17 адад нуқтаи фурўши қисмҳои эҳтиётӣ ва дар ноҳияи Рўдакӣ як адад нуқтаи фурўши техникаи кишоварзӣ ташкил шудааст, ки дар айни замон ба хоҷагиҳои кишоварзӣ хизмати техникӣ мерасонад. Ҳамзамон дар анборҳои корхона ва нуқтаҳои фурўши қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи зиёда аз 1 млн. 47 ҳазор сомонӣ техникаю қисмҳои эҳтиётӣ мавҷуд мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






