Шарҳи арзиши хизматрасонии ММТ

Февраль 27, 2014 15:19

Душанбе, 27.02.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-   Ахиран дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд. Тибқи банди 7-и «Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 25 ноябри соли 2013 №2935 тасдиқ ва дар Вазорати адлия ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, хизматрасонӣ ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пулакӣ мебошад ва арзиши он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад. 
Бино ба иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи марказ мувофиқи тартиби муқарраргардида довталабон бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ки рӯйхат бо нишониҳои онҳо дар сомонаи марказ ҷойгир шудааст, маблағи муайяншударо супоранд ва расид дар бораи пардохтро ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод намоянд.
Ёдрас мешавем, ки 20-уми декабри соли гузашта  бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази миллии тестӣ (ММТ) ифтитоҳ ёфт. Ин бинои сеошёна аз ду қисмат иборат буда, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. 
Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст.

Февраль 27, 2014 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад