Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Ҳукумат

Февраль 21, 2014 16:16

 
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ “Ховар”). Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи корӣ, забономӯзӣ, аз худ намудани илму техникаи муосир ва таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва ба вазифаҳои масъули давлатӣ пешбарӣ кардани занону духтарони бомаърифату болаёқат ҳидоят намуд.Ҳамин тариқ ба вазифаҳо таъин гардиданд:- Маҳмадраҳим Исмоилов — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ;- Баҳром Иззатов – Муовини раиси вилояти Хатлон;- Лочин Файзуллоев — Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;- Гулрӯ Қаюмова – Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо;- Давлаталӣ Ҳотамов – Муовини якуми вазири кишоварзӣ;- Руслан Шодиқов – Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Грез Қосимов – Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Бибиосия Ғуломова — Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Хуршед Тешаев – Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Савзалӣ Ҷаъфаров – Муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Шариф Самӣ – Директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун;- Файзалӣ Мирзоалиев – Муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта;- Мирзосафар Назриев – Директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди инфраструктураи иҷтимоӣ;- Нуъмон Абдуҷабборов – Котиби Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ.Ҳамчунин Рамил Нодиров, Ҳасан Раҷабзода, Шарифҷон Ҳакимзода ва Меҳрӣ Ғуломшоева дар бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амирҷон Убайдуллоев, Барно Саидвалиева, Файзиддин Сайфуллоев, Қаҳор Ойматов, Гулизор Расулова, Муҳаммад Ҳабибов, Адҳамҷон Мирсаидов ва Нодир Мирзоев ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои навтаъсиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.Бояд тазаккур дод, қисми зиёди кадрҳои ба вазифаҳои баланд таъингардида ҷавонон ва занону духтарони болаёқат аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар охир кадрҳои ба тозагӣ таъиншударо бори дигар табрик гуфта, ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.
 
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.
 
 

Февраль 21, 2014 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад