Ташкили урдугоҳи зимистона дар Хоруғ
Хоруғ, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Барои нахустин бор хонандагони макотиби шаҳри Хоруғ таътили зимистонаро дар урдугоҳи «Умед», воқеъ дар маҳаллаи Чухтхоруғ пушти сар карданд.
Ҳудуди сад нафар хонандагони синфҳои 9-11-и шаҳри Хоруғ 10 рӯзи охири таътили зимистонаро дар урдугоҳ гузаронданд. Руслан Шодиков, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят гуфт, ки аввалин бор аст хонандагон дар фасли зимистон ба урдугоҳ ҷалб мешаванд. Ба андешаи масъулини урдугоҳ бо мақсади муфид ва самаранок гузаштани таътили зимистона ин урдугоҳро боз намуданд.
Урдугоҳи зимистона то 10-уми январ идома карда, он бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Раёсати маориф ва илми вилоят роҳандозӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






