Тоҷикистон — Эрон: ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ густариш меёбад
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 26 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид бо вакили муваққатии умури Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёд Маҳмуд Садрӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Шариф Саид зимни суханрониаш иброз дошт, ки барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, истеҳсоли маводи ғизоӣ, дорувор, сайёҳӣ ва дар бахшҳои дигар имкониятҳои зиёде мавҷуданд.
Раиси ПСС ҶТ барои сармоягузорони шахсӣ ҷолиб будани Тоҷикистонро қайд намуда, пешниҳод кард, ки дар ҷумҳурӣ корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон барои тавлиди қолинҳои дастбоф, ҳамчунин маҳсулоти борбандӣ бунёд карда шавад.
Сайёд Маҳмуд Садрӣ ба раиси ПСС барои иттилооти боварибахш изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки барои рушду густариши равобити тиҷоратию иқтисодии байни Эрону Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






