Ярмаркаи беҳтарин ниҳолҳо дар пойтахт
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бо мақсади сарсабзии маҳаллаву шаҳракҳо ва таъмини минтақаҳои кабудизоршаванда бо ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда ва сояафкан бо пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ ва дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе 22 феврали соли ҷорӣ дар назди майдони марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-и пойтахт ярмаркаи фурўши ниҳолҳо ва тухми зироатҳо доир мегардад.
Дар ярмарка 3 хоҷагии ниҳолпарварии вилояти Хатлон, 7 хоҷагии ниҳолпарварии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Ниҳолпарвар», хоҷагиҳои ниҳолпарварии Агентии хоҷагии ҷангал ва соҳибкорони инфиродие, ки ба парвариши ниҳол ва гулу сабза машғуланд, иштирок намуда, беҳтарин намуди ниҳол ва анвои гуногуни тухми зироатҳоро пешкаши харидорон менамоянд.
Сардори бахши иттилооти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамасола дар моҳи феврал бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ярмаркаи ниҳолҳо доир мегардад. Дар ярмаркаи имсола накамтар аз 1 млн. ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан, гулу бутта ва тухми зироатҳо пешниҳоди харидорон мегардад. Инчунин, дар ин маърака олимону мутахассисони соҳа ба шаҳрвандон роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироатҳо маслиҳатҳо хоҳанд дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






