Зарари молиявӣ — 2780 сомонӣ
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони милитсия зимни як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба гумони даст доштан дар дуздии моликияти шаҳрванд Зебуниссо Зайналова, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Ҳисор, шаҳрвандон: Шаҳбоз Ғаффоров, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, Шараф Қурбонов, соли таваллудаш 1994 ва Икромзода Насриддин, соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Ҳисорро дастгир намуданд. Дастгиршудагон шаби 19 ба 20-уми январи соли ҷорӣ, пинҳонӣ ба мағозаи соҳибкор З. Зайналова ворид шуда, аз он ҷо маҳсулоти хӯрокӣ, ҷамъ ба маблағи 2780 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ доданд.
гирифтед.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






