Қомуси ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик рӯи чоп меояд

Март 19, 2014 10:43

Душанбе, 19.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти соли гузашта бо зиёиёни кишвар дар арафаи ҷашни Наврӯз масъулини соҳа ва олимони Академияи илмҳои ҷумҳуриро вазифадор кард, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои таърихиву фарҳангии кишвар Қомуси ёдгориҳои таърихии халқи тоҷикро таҳия ва нашр намоянд.
Оё нашри  қомуси мазкур роҳандозӣ гардидааст ва ё не? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (АИТ) Фарҳод Раҳимов чунин посух дод: 
-Оид ба ин масъала ҳаминро гуфта метавонам, ки гурӯҳи корӣ аз олимони варзидаи соҳаи таърих таъсис дода шудааст ва худи ман бевосита онро назорат дорам. Дар доираи ин чорабинӣ чанд барномаро амалӣ карданием: якум омўзиши таърихи фарҳанги бостоншиносии  Тоҷикистон, махсусан фарҳанги бостоншиносии водии Ҳисор. Ин Шўро аз Файзобод то Туркманистон меравад. Имрўз аллакай олимон исбот кардаанд, ки фарҳанги бостоншиносии Ҳисор таърихи 6 ҳазорсола дорад, агарчи мо  3 ҳазорсолагии шаҳраки Ҳисорро ҷашн мегирем. Он ҷустуҷӯҳо, яъне он дарёфтҳое, ки ҳастанд, бозгўи ин гуфтаҳо мебошанд.  
Нисбат ба Қомуси ёдгориҳои таърихӣ ҳаминро гуфтаниам, ки гурўҳи корӣ болои он фаъолият дорад ва ҳайати онро бевосита олимони шинохтаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИТ бо роҳбарии академик Раҳим Масов ташкил менамоянд. Эҳтимол қомус дар якчанд ҷилд нашр гардад ва то охири сол ҷилди аввали он омода ва нашр мешавад.
 
 

Март 19, 2014 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад