Ҳамкорӣ алайҳи ҷинояткорӣ бо ҶМЧ

Март 31, 2014 15:35

Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 29 марти соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун вохӯрд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин мушовири сафир Фан Лун ва намояндаи расмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар Тоҷикистон Бян Юйтсзе иштирок доштанд.
Бино ба иттилои сомонаи вазорат,  дар вохӯрӣ тарафҳо оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, мубодилаи иттилоот ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос табодули афкор намуданд.
Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам меоваранд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
 
 
 
 

Март 31, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст