Ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ ҳимоя мегарданд
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шахсони масъули Қувваҳои Мусаллаҳ, навъҳои қӯшун ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ҷаласаи васеи мушовараи Сарпрокуратураи ҳарбӣ доир шуд, ки дар он ҳолати иҷрои қонунгузорӣ, оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавриди риояи инттизоми ҳарбӣ дар соли 2013 ва давраи сипаригаштаи соли 2014 мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, дар ҷамъомад пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ таҳлилу баррасӣ гардид. Таҳлилу санҷишҳои прокурорӣ бо намунаи як қатор далелҳои мушаххас нишон дод, ки дар баъзе аз қисму воҳидҳои ҳарбӣ сафи вайронкунандагони интизоми ҳарбӣ афзуда, ҳатто ҷиноятҳои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ ба назар мерасанд, ки нисбат ба вайронгкунандагони он аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳамаи масъулин вазифадор гардиданд, ки ҳар як муроҷиати хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи онҳо мавриди баррасии саривақтӣ ва ҷиддӣ қарор гирифта, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ, риояи реҷаи рӯз, назорати пайваста аз болои рафтори ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар сатҳи лозимӣ таъмин шавад. Аз ин рӯ, баҳри таъмини иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар мавриди риояи интизоми намунавии ҳарбӣ-хизматӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






