Афзоиши муроҷиатҳо ба Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 1.03.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Кормандони Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, тибқи супориши сардори Хадамоти муҳоҷират бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия ҷоннок намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва танзими ин раванд тадбирҳои судманд меандешанд.Аз 1 январ то 21 феврали соли 2014 муроҷиати шаҳрвандони ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он 14 ҳазору 250 нафарро ташкил дод. Аз оғози моҳи январи соли 2013 ба қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират як зумра тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки он будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави ин кишвар душвор гардонид. Инчунин моҳи феврали соли 2013 низоми таҳлилии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия зиёда аз 400 ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории ин давлат муайян кард ва барои онҳо дар муддати аз 3 то 5 сол ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия манъ гардид. Бо назардошти он, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия муайян шудаанд ва қисми зиёди онҳо аз низоми иттилоотии Хадамоти федералии бехатарии Русия бехабаранд, ҳамзамон дар бахши мазкур тавассути мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани маълумот, яъне рӯйхати беруншудагон ва депортшудагон то 1 октябри соли 2013 вуҷуд дорад, ки он зиёда аз 72 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамонро дар бар мегирад. Илова бар ин, кормандони бахш ба он нафароне, ки ному насабашон дар махзани иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия ронда ё ихроҷ шудаанд, барои санҷиш бо тариқи шабакаи интернет-онлайн кӯмаки худро мерасонанд.Ҳамчунин дар ҳафтаи сипаригашта 18 нафар шаҳрванди кишвар тавассути мақомоти дахлдори Федератсияи Русия, аз ин кишвар бо сабабҳои номаълум ронда шудааст, ки барои муайян намудани онҳо (то кадом муҳлат ва бо кадом сабаб), ба унвонии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия ва Хадамоти Федералии бехатарии ин давлат мактуби расмӣ ирсол шуд.Ҳамзамон аз ҷониби кормандони бахш ба ҳар як муроҷиаткунанда маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, 11 намуд маводи иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Русия супорида шуд. Имрӯзҳо муроҷиати шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумла, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз афзуда, ҳамарӯза аз 250 то 300 нафар ба қайд гирифта мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон ба кӯмаку дастгирӣ ва маслиҳати кормандони бахш ниёз доранд.Бештари масъалаҳое, ки ба кормандони бахш аз тарафи муҳоҷирон муроҷиат шудааст, мушкилиҳое мебошанд, ки дар Федератсияи Русия ба он рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла: рондашавии муҳоҷирони меҳнатӣ; тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ; фаъолияти корӣ ва будубош дар хориҷа; масъалаҳои поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳо пешниҳод намудани хуҷҷатҳои зарурӣ барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа; тартиби гирифтани иҷозат барои кор ва патент; санҷиши ному насаби шаҳрванд дар рӯйхати шахсоне, ки аз қаламравии Федератсияи Русия ронда ё ихроҷ шудаанд; шиносномаҳои хориҷӣ; донистани забони кишвари бо кор таъминкунанда; муҳоҷир пеш аз сафар чиро бояд донад; навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






