Арҷгузорӣ ба ҷашни модарон

Март 5, 2014 16:31

         Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи байналмилалии занон аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид шурӯъ аз 8 марти соли 1975 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мо дастовардҳои гузашта, вазифаҳои оянда, инчунин иқтидори истифоданашуда ва имкониятҳои мавҷударо арзёбӣ менамоем.
         Созмони ЮНЕСКО ниҳоди махсуси СММ дар соҳаҳои рушди маориф, илм, фарҳанг, коммуникатсия ва иттилоот мебошад, бинобар ин васеъ намудани ҳуқуқу имконоти занону духтарон дар мадди назари фаъолияти ӯ қарор дорад.  Баробарии гендерӣ аз соли 2008 то имрӯз яке аз авлавиятҳои ЮНЕСКО маҳсуб меёбад.
            Низомномаи Созмони Миллали Муттаҳид аввалин созишномаи байналхалқие мебошад, ки асоси баробарии  занону мардонро тасдиқ намудааст. Итминони комил дорем, ки васеъ гардонидани ҳуқуқ ва имконоти занон воситаи зарурӣ баҳри бунёди сулҳи пойдор ва адолатнок ба ҳисоб меравад. Зӯроварии пайваста, табъиз (дискриминатсия) ва нобаробарие, ки мутаассифона, дар тамоми ҷаҳон реша афрохтаанд, монеаҳои асосии тағйирот мебошанд ва имрӯз баҳри бартараф кардани онҳо бояд дар якҷоягӣ амал кард.
Комиссияи миллии Чумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО  дар Рӯзи байналхалқии занон даъват ба амал меорад, то баҳри тезонидани ҷараён  ва таъмини баробарии гендерӣ  ҳар як минтақаи олам тамоми қувваҳои худро муттаҳид созад, чунки дар пойдории сулҳ ва рушди устувор қувваи суръатбахши шабеҳе вуҷуд надорад.
 
Котиби масъули Комиссияи миллии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои 
ЮНЕСКО Шаҳло  Абдураҳимова
 
 
 

Март 5, 2014 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе