Барқияи тасаллият ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

Март 9, 2014 17:37

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:«Ҷалолатмаоби мӯҳтарам,Ба камоли ғуссаву ғам ва андӯҳи фаровон хабари даргузашти давлатмарди бузурги Афғонистони муосир, муовини аввали Раисҷумҳури кишвар, маршал Муҳаммадқасим Фаҳимро дарёфт намудам.Шодравон Фаҳимхон аз шахсиятҳои бузурги таърихи навини Афғонистони мубориз буд ва дар сафҳои аввали ҷиҳод ва муқовимати мардуми қаҳрамони кишвар қарор дошт. Ширкати марҳум дар раванди эҳёи муҷаддади ҳамсоякишвари мо аз саҳми боризи ӯ дар пайкори озодӣ камтар набуд. Дар зеҳни тоҷикистониён ӯ ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ, саҳмгузори тақвияти риштаҳои ногусастании дӯстии мардумони ду кишвар нақш бастааст. Ин аст, ки ёди поки ин марди некниҳоду нексиришт аз дилу дидаҳои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанду аз наздик медонистанд, зудуда нахоҳад шуд…Дар ин лаҳзаҳои сангин, ки мардуми Афғонистон талафоти ҷуброннопазире дидааст, хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти амиқу самимии инҷониб ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро қабул фармоед. Ба хонаводаи шарифи шодравон, ёрону ҳамсангаронаш, тамоми аҳли ҷиҳоду муқовимат ва ҳамаи мардуми бародари Афғонистон расонидани ҳамдардии мо лутфи Шумо хоҳад буд.Парвардигор марҳумро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад. Маъвои охираташ пурнур бод!Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

Март 9, 2014 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст