Баррасии макони «Канал»

Март 14, 2014 10:44

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи навбатии муштараки гурӯҳи кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати маводи нашъаовар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои гузаронидани чорабинии маҳаллии «Доми ғарбӣ» (Южный капкан”) дар чорчӯбаи амалиёти “Канал” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои амният, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, гурӯҳи кории Хадамоти Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба тартиб, вақт ва макони гузаронидани амалиёт баррасӣ гардиданд.
 
 

Март 14, 2014 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад