Бизнес Симпозиуми занони соҳибкор дар Душанбе
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон кори худро оғоз намуд.
Бизнес-симпозиумро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева ифтитоҳ намуда, меҳмонони гиромиқадрро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва ба кори Бизнес-симпозиум барору комёбӣ орзу намуд.
Дар кори Бизнес-симпозиум муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова, намояндагони парлумонҳо ва созмонҳои соҳибкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз ҳисоби занон ширкат варзида, дар ҷараёни кори Бизнес-симпозиум андешаҳои худро вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда иброз карданд.
Ҳадафи асосии Бизнес-симпозиум ташкили равобити корӣ байни соҳибкорзанони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи муаммоҳои асосиву имкониятҳое, ки бо рушди соҳибкории занон вобастаанд, ба ҳисоб меравад.
Дар Бизнес-симпозиум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз ҷумла зикр намуд, ки: «Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон ва баланд бардоштани обрӯю эътибори зан дар ҷомеа эътибори махсус медиҳанд. Муносибатҳои дӯстона ва иқтисодию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, бахусус дар самти соҳибкорӣ сол аз сол густариш ёфта, ба ҳукми анъана даромадаанд. Итминон дорам, ки мулоқоту музокироти муфассал ва созандаи корӣ дар ҳошияи ҳамоиши имрӯза ба густариши муносибатҳои судманди иқтисодӣ ва рушди маҷмӯии муносибатҳои дӯстонаи кишварҳоямон, аз ҷумла дар риштаи соҳибкорӣ миёни занон мусоидати фаъол хоҳад намуд».
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонидани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда ва татбиқи босамари қонунҳо дар самти беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ҳар сол шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз ҳисоби занон назаррас аст. Танҳо дар соли 2013 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 263 ҳазору 598 адад расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2012 нӯҳ фоиз афзоиш ёфтааст. Инчунин бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз соли 2006 инҷониб бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳар сол 40 гранти президентӣ ҷудо мешавад.
Бояд зикр кард, ки дар давоми ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба 96 ташкилоти ҷамъиятие, ки таҳти роҳбарии занон фаъолият дорад ва 170 нафар бонуи соҳибкор ба маблағи 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Дар ин муддат дар доираи татбиқи лоиҳаҳо қариб 2200 нафар бону бо шуғлҳои гуногун ва фаъолияти соҳибкорӣ фаро гирифта шуданд.
Дар симпозиум инчунин муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, директори минтақавии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Ричард Ҷонс, вакил, узви комиссияи иқтисодии Парлумони Афғонистон Файзия Носирёр, роҳбари клуби занони кордони Қирғизистон Азиза Юлдошева дар бораи масоили бо шуғл фаро гирифтани занон дар Тоҷикистон, саҳми агентиҳои байналхалқӣ дар тараққӣ додани соҳибкорӣ дар кишвар, таҷрибаи байналхалқӣ оид ба рушд додани соҳибкории занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон сухан гуфтанд.
Дар симпозиум инчунин дар толори китобхона аз Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, ҶММ «Рухом», КВД «Зари Кӯлоб», сехи заргарии «Майрамбибӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Фонди байналхалқии косибони Тоҷикистон «Ҳафт пайкар», ҶК «Олами кӯдакон», ТҒД «Умед» ва дигарон маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Бизнес-симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон пагоҳ, 28 март кори худро анҷом медиҳад.