Блаттер: “Рӯзе шоҳиди бозии тоҷикон дар сатҳи ФИФА мешавем”
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ “Ховар”).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер як силсила масоили марбут ба рушди футбол дар кишвар баррасӣ гардид. Йозеф Блаттер пас аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма гуфт:“Мо мулоқоти дӯстона ва пурмуҳтавоеро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додем ва шарафманд аз он будам, ки Президенти кишвар маро ҳамчун дӯсти самимии худ пазируфтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешвои хирадманд ва қавӣ будан, инчунин дӯстдори варзиш ва хосатан футбол низ мебошад ва тавассути бунёди иншооти варзишӣ, алалхусус бунёди майдонҳои футбол ва тавсеаи имконот ва зарфиятҳои футбол дар сартосари кишвар мароқи хоссаи худ нисбат ба ин навъи варзишро нишон медиҳад. Пӯшида нест, ки имрӯз футбол ҳамчун пайвандгари қавму миллатҳои мухталиф пазируфта шудааст ва дар ин маврид мо бо ҷаноби Президент табодули назар намудем. Самимияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба футбол буд, ки маро даъват намуданд, то дар фасли тобистон ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз зарфиятҳои футбол дар манотиқи мухталифи кишвар дидан намоям. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ соҳаи футбол дар мамлакат ба рушди назаррас ноил гардида истодааст ва ман умедворам, ки як рӯз мо шоҳиди бозии яке аз дастаҳои футболи Тоҷикистон дар миқёси ФИФА хоҳем гашт. Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамақида бар он будем, ки футбол ҳамчун васила ва пули пайвандгари байни миллатҳо пазируфта шудааст ва онро метавон “сафир”-и ҳар як давлат дар миқёси ҷаҳон хонд, зеро футболбозони дастаҳои милии футбол бо либосҳои хоси худ инъикосгари парчами ҳар як миллату давлатанд. Ман барои таваҷҷуҳи хосса ба таъмини рушди футбол ба муҳтарам ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори ташаккур намудам”.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






