Чаро тоҷикон рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд?
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷанги шаҳрвандие, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба амал омад, ҷомеаро ба бесарусомонӣ, муноқишаҳои низомии дохилидавлатӣ, коҳиш ёфтани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, инчунин пуршиддат гардидани равандҳои муҳоҷират оварда расонид.
Вазъияти муташанниҷ ва задухӯрдҳои дохилии шаҳрвандии он давра садҳо ҳазор одамонро маҷбур сохт, то тарки Ватан намуда, ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ва минтақаҳои бехавфи ҷумҳурӣ муҳоҷират намоянд. Шумораи умумии гурезаҳои кишварамон, ки дар ҳудуди дигар давлатҳо паноҳ ёфта буданд ва муҳоҷирони иҷбории дохили кишвар, дар солҳои 1992-1993 зиёда аз 900 ҳазор нафарро ташкил дода буд.
Суханони аввалини Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ба ҳайси роҳбари давлат: «Ман барои барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ба Ватан тайёр ҳастам ҳаётамро қурбон кунам» дар дили тоҷикон нисбат ба ояндаи дурахшони Ватан, рӯзгори орому осуда ва пурнишот шуълаи умедро бедор намуд.
Аз соли 1993 пайи ҳам раванди бозгардонидани мардуми ҷабрдидаю парешон ба манзилашон оғоз гардид.
Аз соли 1993 то 1997 Президенти мамлакат кӯшиши зиёд ба харҷ дод, то вазъи мамлакатро ором созад. Баробари ба имзо расонидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» бозгашти муташакилонаи гурезаҳои тоҷик ва ҷо ба ҷо намудани онҳо дар хонаҳои худ аз тарафи мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ суръати нав пайдо намуд.
Аз соли 1993 то соли 2000 ҳамагӣ 950 ҳазору 599 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷойҳои зисти доимиашон баргардонида шуданд, аз ҷумла аз кишварҳои ИДМ- 201 ҳазору 601 нафар, аз Афғонистон-51 ҳазору 345 нафар, аз вилояту минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон -697 ҳазору 653 нафар. Дар давоми соли 2000 ба таври муташаккилона аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боз 656 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бозгардонида шуданд, аз ҷумла аз Қирғизистон-505 нафар, Қазоқистон-80 нафар ва Туркманистон 71 нафар.
Бо кӯшиши зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 -511 нафар ҷавонони кишвар, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон будубош доштанд, ба ватан баргардонида, бо ҳамин бозгашти муташаккилонаи гурезаҳои тоҷик ва муҳоҷирони иҷборӣ пурра ба анҷом расид.
Бояд зикр кард, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар корҳои бозгардонидан ва ҷо ба ҷо намудани мардуми тоҷик ба ҷойҳои зисти доимиашон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз қабили Вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ (собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ), Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати нақлиёт, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо саҳм гузошта, ҳамаи супоришу дастурҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро пурра иҷро карданд.
Инчунин дар ин чорабинӣ кишварҳои ба мо дӯсти ИДМ ва пеш аз ҳама Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кишварҳои хориҷи дур, аз қабили ИМА, Олмон, Эрон, Ҷопон, Фаронса, Покистон, Ҳолландия кӯмаки худро расониданд.
Бояд ин ҷо саҳми ташкилотҳои байналхалқӣ, аз қабили Раёсати Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар ҶТ, Созмони байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират, Созмони Байналмиллалии Меҳнат, Барномаи рушди СММ, Кумитаи Байналмилалии салиби Сурх ва дигар ташкилоту идораҳоро низ фаромӯш насозем.
Дар он солҳо бо мақсади фароҳам овардани шароит барои бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ қонуну қарорҳои зиёд қабул гардиданд.
Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бештари корхонаҳо аз фаъолият бозмондаву садҳо ҳазор тоҷикон бе ҷои кор монданд. Ҳарчанд ҳамаи гурезаҳову муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан баргаштанд, вале ҳамаи онҳо ҷойи кори муайян бо маоши арзанда надоштанду ин боз сабаби муҳоҷирати меҳнатии онҳо гардид.
Аввал тоҷикон бештар ба Федератсияи Русия ба кор мерафтанд. Тавре ки маълум аст, аввал шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб гирифта намешуд, зеро давлату Ҳукумат барои баргардонидани мардуми гуреза саъю кӯшиш мекарду баъдан ҳангоми зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ, аллакай зарурат пеш омад, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба ҳисоб гирифта шавад.
Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷират шуруъ аз соли 2005 шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хориҷа барои муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекарданд, ба ҳисоб гирифта мешуд. Худи ҳамон сол, яъне соли 2005, аз Тоҷикистон 412 ҳазору 123 нафар тоҷик барои муҳоҷирати меҳнатӣ аз мамлакат берун рафтааст. Дар солҳои баъдина теъдоди муҳоҷирон меафзуд, масалан, агар соли 2006 теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 609 ҳазору 316 нафарро ташкил дода бошад, дар соли 2010 он аллакай ба 736 ҳазору 446 нафар расид. Яъне, сол то сол теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба афзоиш мениҳад.
Бояд зикр намуд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ на танҳо мардон, балки занони низ рӯ овардаанд. Имрӯз занони тоҷик баробари мардон ба муҳоҷират рафта, ба корҳои гуногун машғул мешаванд. Масалан, то ҳолати 15 декабри соли 2013 аз ҷумҳурӣ 939 ҳазору 492 нафар (дар соли 2012-877 ҳазору 335) (+62 ҳазору 157) шаҳрвандони кишварамон ба хориҷа сафар намуданд, ки аз он, 786 ҳазору 384 нафар (дар соли 2012-753 ҳазору 328) (+33 ҳазору 056)мардҳо ва 153 ҳазору 108 нафар (дар соли 2012-124 ҳазору 007) (+29 ҳазору 101) занҳо мебошанд.
Аз ҳисоби умумии шаҳрвандони мазкур 779 ҳазору 396 нафар (соли 2012-744 ҳазору 360) (+35 ҳазору 036) муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки ин 83%-и миқдори умумии рафтагонро ташкил медиҳад. Аз ин шумора, 682 ҳазору 135 нафар (дар соли 2012-657 ҳазору 345) (+24 ҳазору 790) мардҳо ва 97 ҳазору 261 нафар (дар соли 2012-87 ҳазору 015) (+10 ҳазору 246) занҳо мебошанд.
Муҳоҷирони меҳнатии кишварамон дар ин муддат, аз ҷумла ба Федератсияи Русия — 768 ҳазору 220 нафар, Қазоқистон — 8 ҳазору 613, Қирғизистон — 424, Украина — 75, Озарбойҷон — 21, Ӯзбекистон — 15, Афғонистон — 647, Давлатҳои Араб — 448, Туркия — 410, Чин — 321, Олмон — 21, Ҳиндустон — 3, Кореяи Ҷанубӣ — 3 нафар сафар намудаанд.
Дар ин давра аз хориҷа 739 ҳазору 165 нафар шаҳрванд (дар соли 2012-673 ҳазору 434) (+65 ҳазору 731) ба ҷойҳои муқимии худ бозгашт, ки аз инҳо 604 ҳазору 527 нафар (дар соли 2012-564 ҳазору 130) (+40 ҳазору 397) мардҳо ва 134 ҳазору 638 нафар (дар соли 2012-109 ҳазору 304) (+25 ҳазору 334) — зан буд.
Аз шумораи умумии бозгаштагон 605 ҳазору 636 нафар (соли 2012-581 ҳазору 922) (+23 ҳазору 714) муҳоҷирони меҳнатӣ буда, 520 ҳазору 588 нафар (соли 2012-500 ҳазору 825) (+19 ҳазору 763) мардон ва 85 ҳазору 048 нафар (соли 2012-81 ҳазору 097) (+3 ҳазору 951) занон мебошанд.
Яъне, имрӯз ҳама новобаста ба ҷинс метавонанд ба хориҷа сафар намуда, фаъолияти меҳнатӣ кунанд.
Солҳои охир байни муҳоҷирон гирифтани душаҳрвандӣ ба қавле мӯд шудааст. Агар муҳоҷири меҳнатӣ имкони гирифтани шаҳрвандии Русияро пайдо кунад, бештари мушкилоти вай ҳал мегардаду коғазбозию ҳуҷҷатҷамъкунии зиёд паси сар мешавад. Чунин муҳоҷирон ҳатто имкон пайдо мекунанд, ки бо оилаҳои худ ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд ва фарзандонашон дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил намоянд. Вале надоштани шаҳодатномаи русӣ ё шаҳрвандӣ низ садди роҳи муҳоҷирон барои бурдани оилаҳояшон ба Русия намешава,д. Масалан бештари тоҷикон бо зану фарзандон ба Русия барои кор мераванду якҷоя кор мекунанд, зеро дар чунин ҳол онҳо имкони ба даст овардани маблағи калонро пайдо мекунанд. Дар ҳоле, ки бо худ фарзанди ноболиғашонро мебаранд, кӯшиш мекунанд онҳоро дар боғчаю мактаб ҷой кунанд, зеро таҳсил дар хориҷа барои фарзандони онҳо имкони пас аз хатм ба таври автоматӣ ҷойи кор пайдо карданро дорад.
Тавре ки мебинем, имрӯз ғайр аз ба ҳисоб гирифтани теъдоди муҳоҷирон Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ боз дигар паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатиро омӯхта, кори муҳоҷиронро сабук месозад.
Масалан, соли 2013 дар ФР як силсила тағйироту иловаҳо ба қонуни муҳоҷират ворид гардида, бештари муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби надоштани дониши кофӣ ва надонистани қонун аз қаламрави Русия ба муддати аз 3 то 5 сол берун карда шуданд. Хадамоти муҳоҷират барои пешгирии беруншавии муҳоҷирон ва бо мақсади гузаронидани мониторинг дар самти мазкур, аз 27 майи соли 2013 «Дар бораи таъсис додани гурўҳҳои корӣ ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ»-ро ба тасвиб расонид, ки тибқи он дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати гурӯҳи корӣ аз 28 июн то 1 октябри соли 2013 бо 1395 нафар муҳоҷини меҳнатӣ оид ба ҳолати будубош, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, донистани забон, доштани касбу ихтисос ва ҳуҷатҳои тасдиқкунандаи он сӯҳбату вохўриҳо гузаронид.
Дар натиҷа маълум гардид, ки 380 нафар ё ин ки 36,7% муҳоҷири меҳнатӣ дорои касбҳои коргарӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он мебошанд, 601 нафар ё ин ки 23,2% дорои касбу ҳунар, лекин бе ҳуҷҷати касбии тасдиқкунанда, 406 нафар ё ин ки 34,3% бе ягон касбу ҳунар мебошад. Аз ҷумла, 465 нафар ё ин ки 30,0% забони русиро хуб медонад, 561 нафар ё ин ки 24,8% метавонад муошират намояд ва 358 нафар ё ин ки 38,9% забони русиро намедонаду ба ин нигоҳ накарда, ба Федератсияи Русия сафар мекунад, яъне надоштани касбу надонистани забон садди роҳи муҳоҷират шуда наметавонад.
Хадамот кӯшиш мекунад, садди роҳи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ гашта, шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷои кори қонунӣ таъмин намояд. Аз ҷумла, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» соли 2013 бо як қатор субъектҳои хоҷагидории Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус тибқи дархостҳои расмӣ ва мавҷуд будани ҷойҳои кории холӣ, шартнома баста, тибқи шартнома 648 нафар (дар соли 2012 — 476 нафар) шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷа бо кор таъмин намуд.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия дар ин давра 726 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуда, дар ҳамин давраи соли 2012 — 1027 нафар соҳиби ҷойи кор гардид.
Имрӯз Тоҷикистон имкони ҳамаи шаҳрвандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин карданро надорад ва аз ҳамин сабаб кӯшиш мекунад тамоми шароитро барои муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам оварад. Давлатҳои хориҷа низ дар айни ҳол ниёз ба қувваи кории хориҷӣ доранд ва ин иқдоми муҳоҷирони меҳнатиро дастгирӣ мекунанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






