Даъват ба хизмат дар доираи меъёрҳои қонунгузорӣ
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ доир ба иҷрои талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» доир шуд. Дар он намояндагони мақомоти масъул иштирок доштанд. Дар ҷаласа аз ҷониби масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ зикр шуд, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ санадҳои мазкурро асосан дар сатҳи дахлдор иҷро намуда, баҳри пешгирӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар ҷаласа масъалаи аз 1-уми апрели соли ҷорӣ оғоз ёфтани чорабинии муҳими давлатӣ-даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ шуд. Аз ин рӯ, дар назди комиссияҳои даъватӣ, вазорату идораҳои ҳарбӣ, махсусан, духтур-мутахассисон дар доираи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ин маърака, пурра гардонидани сафҳои Артиши миллӣ бо ҷавонон гузошта шуд. Ҳамчунин аз комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулини дигар талаб шуд, ки бо ҷалби бештари мақомоти манфиатдор ва дигар сохторҳо талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, омилҳоеро, ки ба қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд, пешгирӣ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






