Эҳёи дегхонаҳо дар Хуҷанд

Март 13, 2014 16:23

Хуҷанд, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иқдом гирифтааст фаъолияти дегхонаҳоро аз нав эҳдо кунад. Мувофиқ ба нақшаи дурнамои ҳокимияти маҳаллӣ дар тӯли солҳои наздик ин масъала бояд ҳалли худро ёбад. 
 Пӯшида нест, ки тӯли чанд соли охир  дар фасли зимистон аҳолии шаҳр чун сокинони минтақаҳои дигари кишвар дар масъалаи бо барқ ва гармӣ таъмин намудани манзили зисти худ душворӣ мекашанд. Чунин вазъ дар муассисаҳои таълимӣ, чун мактабҳои миёна ва боғчаҳо дида мешавад. 
Дар мавриди ҳалли ин масъала ва нақшаҳои амалишаванда дар ин маврид раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо хабарнигорамон гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин самт нақша дорад чанд лоиҳаи имконпазир андешад, аз ҷумла фаъолияти дубораи дегхонаҳо (котельний)-ро ба роҳ монад.  
Дар ин раванд чанде пеш шаҳрдори Хуҷанд бо сармуҳандиси корҳои иншоотии ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ци Де Ци мулоқот доштанд ва оид ба мавҷудияти шароит ва зарурати бунёди маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд суҳбат  намуд. Дар айни ҳол дар маҳаллаи 16-уми шаҳр 10 га замин барои бунёд намудани маркази гармидиҳии барқӣ ҷудо шудааст. 
Ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода, мақомоти маҳаллӣ омодааст, то барои амалишавии ин лоиҳа мусоидат намояд. Оғози корҳои сохтмонӣ дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори на камтар аз 50 МГВТ ба истифода дода мешавад. Бояд зикр кард, ки маркази гармидиҳии барқӣ ҳам барқ истеҳсол мекунад ва ҳам бо оби гарм хонаҳои аҳолии маҳаллаҳои дар шимолу ғарби шаҳр ҷойгирбударо  таъмин хоҳад кард. 
Ғайр аз ин мақомоти шаҳр тасмим гирифтааст то интиҳои соли 2015 тамоми мактабҳои шаҳри Хуҷандро ба гармидиҳии мутамарказонишудаи алоҳида, бо истифодаи ангишт  таъмин  намояд. Бо ин мақсад  зимистони соли 2013- 2014 дар 3 мактаби шаҳр — № 31,№ 4 ва мактаби хусусии «Иршод» бо тариқи таҷриба гармкунии синфхонаҳо  тавассути буғхонаҳои худи мактабҳо ҷорӣ карда шуд, ки он натиҷаи хуб дод. 
Дар айни ҳол мувофиқ ба супориши шаҳрдори Хуҷанд,  шуъбаи маориф ва идораи сохтмони асосии шаҳр вазифадор шудаанд, ки дар он мактабҳое, ки имкони эҳёи воситаҳои гармидиҳиро доранд ва ё ба бунёди буғхона эҳтиёҷ доранд, лоиҳа ва нақшаи корӣ таҳия  шавад. 
Лозим ба ёдоварист,ки насби дегхонаҳо ва хариди ангишт аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ роҳандозӣ мешавад.  Алҳол шумораи мактабҳои шаҳр ба 48 адад расидааст ва дар сурати сохтан ва ё таҷдиду насби буғхона онҳо имкони пурраи бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳоро доранд.
Бартарии ин кор дар он аст, ки аз як тараф сарфаи қувваи барқ кам мешавад, аз ҷониби дигар барои сари вақт пардохтани маблағи истифодаи он мусоидат хоҳад намуд,- иброз намуд дар анҷоми суҳбат шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода. 
 
 
 
 
 
 

Март 13, 2014 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад