Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ
Душанбе, 31.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Чопхонаи «Пайванд» «Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ»-ро нашр намуд. Фарҳанги мазкур бо иқдоми Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ- тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон мунташир гардид. Донишмандони тоҷик Мансур Маҳмудов, Ғаффор Ҷӯраев ва Баҳром Бердиев мураттибони фарҳанг мебошанд. «Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ»- беш аз 25 ҳазор калима ва ибораро дар бар гирифта, дар заминаи зиёда аз 100 ҳазор маводи захираи картотека, ки мураттибон аз маҳаллаҳои минтақаи ҷанубии Тоҷикистон дар солҳои гуногун гирдоварӣ намудаанд, таҳия шудааст. Фарҳанг барои доираи васеи мутахассисон, адибон, муаллимон ва онҳое, ки ба дурдонаҳои забони халқ ҳавасмандӣ доранд, пешниҳод мегардад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






