Иҷрои дастури Сарвари давлат- зери назорати қатъӣ

Март 31, 2014 16:36

Хоруғ, 31.03.2014.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба  ҷараёни   иҷрои қарори раиси вилоят дар робита ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни мулоқот бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят дар моҳи октябри соли 2013 ироа шуданд, машварати васеъ доир шуд. Нақшаи мазкур аз 37 банд иборат буда, сари вақт ба раҳбарони масъули идораву муассисаҳои вилоятию вазоратхонаву  кумитаҳои ҷумҳуриявӣ  ирсол гардид.
       Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз ҳар як масъуле, ки иҷрои бандҳои нақшаи мазкур бевосита ба онҳо  тааллуқ дорад, тақозо намуд ба таври мушаххас иҷро ва ё иллати ба таъхир афтодани иҷрои ин бандҳоро тавзеҳ диҳад. Раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова гуфт, ки аз шаш банди нақшаи мазкур татбиқи се адади он оғоз гардида ва се банди дигар дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад. Барои бунёди корхонаи коркарди мева қитъаи замин ва маблағ ихтисос дода шуда, кор оғоз гардид. Хишти нахустини коргоҳи дӯзандагӣ барои 100 нафар аз чеварони маҳаллӣ гузошта шуд ва 400 дастгоҳи дӯзандагӣ низ дастрас шуд. Масъалаи васеъ ва ҳамворкунии роҳи мошингарди ноҳия дар масофаи 3 километр ва  бунёди бинои маҳомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст.
      Тибқи нақшаи мазкур барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани ағбаи Кӯҳтезак ду  трактор бояд харида, ба ағба интиқол дода шавад. Дар мавзеи Ҷелондеҳ сохтмони як маркази муосири саломатӣ ва дар шаҳраки Ваҳдат бинои панҷқабатаи истиқоматӣ дар назар аст. Ба гуфти раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев ҳуҷҷату санадҳои зарурӣ вобаста ба ҷудо кардани замин ва харҷи маблағ омодааст ва дар рӯзҳои наздик ба татбиқи лоиҳаҳо оғоз менамоянд.
        Дар робита  ба таъхир афтодани бунёди иншоот ва инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Ишкошим раиси вилоят Шодихон Ҷамшед эроди ҷиддӣ гирифта, баён дошт, ки чаҳор сол аз таъсиси минтақаи мазкур мегузарад, аммо ягон коре анҷом дода нашудааст. Чандин бор дар шаҳри Хоруғ бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор шуд, вале натиҷае ҳосил нашуд. Дар ҳоле, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд чунин минтақаҳо ба фаъолияти густурда шурӯъ карданд. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба раиси ноҳияи Ишкошим  дастур дод, ки ҳамроҳ бо масъулини ин минтақа барои бунёди инфрасохтор тадбирҳои мушаххас андешанд.
 
 

Март 31, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе