Иди байналмилалии Наврӯз дар Брюссел таҷлил гардид
Душанбе, 27.03.2014 (АМИТ “Ховар”).- 25 марти соли 2014 дар ш.Брюссел дар қасри «Kasteel Van Huizingen» ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз зиёфати бошукӯҳ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон ва Туркия дар Шоҳигарии Белгия ороста шуд.Дар маросими ҷашни Наврӯз роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Белгия, намоянадгони доимӣ дар назди СААШ ва Иттиҳоди Аврупо, шахсони расмии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, Иттиҳоди Аврупо, СААШ, Паймони нерӯ, Шӯрои Аврупо, вакилони Парлумони Аврупо, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Аврупо, инчунин донишҷӯён аз Тоҷикистон ва аъзои диаспораи тоҷик дар Белгия, Нидерланд ва Люксембург ширкат варзиданд.Бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Шоҳигарии Белгия Какаджан Моммадов (дуайен) баромад карда, меҳмононро аз номи сафирони кишварҳои-ташкилкунандаи ин ҷашн хайрамақдам ва бо иди баҳор табрик гуфт. Ӯ дар бораи таърихи пайдошавии ҷашни Наврӯз, анъанаву хусусиятҳои он маълумот дод. Дар назди ҳозирин ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Афғонистон дар Шоҳигарии Белгия Ҳумоюн Тандар бо сухани табрикӣ баромад намуда, дар бораи ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Афғонистон ш.Кобул 27 марти соли ҷорӣ хабар дод. Дар рафти базми идона ба меҳмонон таомҳои миллӣ, меваҳо ва шириниҳои кишварҳои созмондиҳандаи чорабинии мазкур пешкаш карда шуд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






