Иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Кобул

Март 27, 2014 17:39

Тантанаҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Кобул, ки яке аз гаҳвораҳои ин ҷашни бостонии хуҷаста ба шумор меравад, бо шукӯҳи хоса ҷараён гирифт.Барои иштирок дар ин тантанаҳо ва Конфронси байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Кобул сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони воломақом аз ҳашт кишвари ҳавзаи тамаддуни ин ҷашни мардумию табиӣ ташриф оварданд.Зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Наврӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Муҳимтарин хусусияти Наврӯз ин аст, ки ин ҷашн ба ягон воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё минтақавӣ бахшида нашудааст ва як падидаи фаромилливу фаромазҳабӣ буда, заминаҳои ҷаҳонишавиаш ҳанӯз то милод гузошта шуда буд”.Ҳамчунин таъкид гардид, ки “асли Наврӯз бо воқеаҳои бузурги кайҳониву ҳамосие решапайванд аст, ки ба сарнавишти Одаму Олам нисбат доранд”.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон “фарҳанги наврӯзӣ метавонад дар ҳалли мушкилоти муосири умумибашрӣ, аз ҷумла дар рафъи бӯҳрони сахти экологӣ ва маънавӣ раҳнамо бошад”.Дар Наврӯзгоҳи Кобул, ки дар саҳни Арки раёсати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ороста шуда буд, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони мардумӣ аз тамоми минтақаҳои ин кишвар ва ҳам аз кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддунии Наврӯзи оламафрӯз ҳунарҳои зебои худро ба намоиш гузоштанд. Базми тарабу шодии наврӯзӣ дар наврӯзгоҳи Кобул басо зебою диданӣ буд.

Март 27, 2014 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад