Иштироки Сарвари давлат дар оғози бунёди боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор
Душанбе, 1.03.2014. (АМИТ «Ховар»). Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор оғоз бахшид.Барои иштирок дар шинондани нахустин ниҳолҳои боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор, ки дар майдони 3 ҳазор га доман паҳн хоҳад кард, дар мавзеи миёни боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва деҳаи навбунёди Боғистон чанд ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои водии Ҳисор ҷамъ омаданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи оғози ниҳолшинонӣ нахуст бо самараи кори хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бевосита шинос шуда, аз дастгирии васеъ пайдо намудани ташаббусҳои худ доир ба ривоҷ додани боғутокпарварӣ ва аз ин ҳисоб афзун намудани қудрати содиротии Тоҷикистон арзи хушнудӣ намуд.Тавре зикр гардид, рушду нумуи бесобиқаи боғутокпарварӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар натиҷаи иҷрои босамари дастуру ҳидоятҳои дурандешонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.Чунонки иттилоъ доданд, имсол ниҳолпарварони ҷумҳурӣ даҳҳо миллион навниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ ба фурӯш баровардаанд. Танҳо аз хоҷагии ҷангали кишвар дар ин мавсим имсола то имрӯз аллакай 1,5 миллион дона навниҳол ба фурӯш рафтааст. Аз гузориши масъулин бармеояд, ки нишондиҳандаҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мегарданд. Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи талаботи ин санад бояд дар майдони 50 ҳазор га дар ҷумҳурӣ боғу токзори нав бунёд ёбад.Барномаи давлатии рушди боғутокпарварӣ дар ҷумҳурӣ Ба масъулини соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои ниҳолпарвар дастур дода шуд, ки парвариши ниҳолҳои ангури кишмиш, олуи сиёҳ ва дигар навъҳои содиротии дарахтони мевагиро афзун намоянд.Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо ҳазорон нафар дӯстдорони шуғли ниҳолпарварию боғдорӣ нахустин ниҳолҳои боғи нави Сеҳазорсолагии Ҳисорро шинонда, изҳори боварӣ намуданд, ки танҳо аз ҳисоби содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва консервашуда ояндаи наздик қудрати содиротии Тоҷикистон хеле афзун гардида, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор бояд дар давоми 6 сол дар майдони 3 ҳазор га бунёд ёбад.Ғайр аз ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои водӣ дастур дод, ки дар тамоми мавзеъҳои ба ин кор мувофиқи қадқади қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода боғҳои намунавӣ бо дарахтони мевадиҳандаи навъҳои содиротӣ бунёд намоянд. Таъкид гардид, обу хок ва ҳавои ин мавзеъҳо барои боғутокпарварӣ басо мусоиду мувофиқ аст. Ба онҳо, ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо истифода аз ҳар рӯзи офтобӣ мардумро ба вусъати киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонию ободонии муҳити зист сафарбар намоянд. Супоришҳои мушаххас ба онҳо, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, дигар корхонаҳои саноатӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ дода шуд.Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ, ҳамчунин чанд ниҳоли бузургҷуссаи дарозумри сояафкан шинонда шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо кӯдакони деҳаи Боғистон ҳам суҳбат намуд. Ошкор гардид, ки мактаби ин деҳаи навбунёд нӯҳсола аст ва хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил ба дигар ҷойҳо мераванд. Сарвари давлат ба онҳо мужда расонд, ки ояндаи наздик ин деҳа соҳиби мактаби нави миёна ва ҳам бунгоҳи муосири тиббӣ хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






