М. Қосимова: Наврӯз ғами дилҳоро мезудояд

Март 21, 2014 09:40

Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми мо ба ҳисоб меравад. Аз ин ид бештари урфу одат ва анъанаҳои миллии мо сарчашма гирифтаанд. Имрӯз бо зане ҳамсуҳбат мегардем, ки беш аз 90 Наврӯзро паси сар кардаву аз ин урфу одатҳо огаҳии бештаре дорад. Ин кас Ҳунарманди ҳалқии Тоҷикистон, қаҳрамонзан, модар ва бибию бибикалон Мушаррафа Қосимова мебошад, ки имрӯз ба синни мубораки 95 расида, насиҳатгару маслиҳатдеҳи фарзандону набераву аберагони худ мебошад. -Аввалан Шуморо бо фарорасии баҳор, иди фархундаи Наврӯз табрик намуда, таманнои онро дорем, ки доим танатон сиҳат бошаду дилатон шод. Дар арафаи иди Наврӯзи ҳуҷастапай, хоҳиш дорем каме дар мавриди ҷашнгирии Наврӯз аз айёми кӯдакии худ сухан мекардед. -Имрӯз шукри Худо ман ба синни 95 расидаму дар тӯли зиндагии худ чандин наврӯзҳоро аз сар гузаронидам. Инсон дар зиндагӣ лаҳзаҳои хуби сипаришударо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекардааст. Яке аз наврӯзҳое, ки ман 7-8 сола будам, доим ба хотирам меояд. Он вақтҳо низ мо Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтем ва аз зиндашавии табиат хурсанд мешудем. Он солҳо дар рӯзи Наврӯз модарон ба фарзандон либоси нав мепӯшониданд. Ҳамон сол падарам як рӯз пеш аз Наврӯз ба модарам матои шоҳии кабуд оварданд, то ба ман курта дӯзанд. Модарам то саҳар куртаи манро дӯхта саҳар барвақт ба ман онро ҳадя карданд. Хурсандии ман ҳадду канор надошт. Саҳар падарам ба мо гуфтанд, ки як пиёла чой нӯшему барои рафтан тайёр шавем, таоми боқимондаро бошад дар саҳро, дар оғуши табиат мехӯрем. Мо фарзандон бо як гуруҳ ҳамсояҳо ҷамъ шуда, ба як теппае, ки аллакай сабз шуда буд, баромадем. Аз болои он теппа тамоми шаҳр ба чашм мерасид. Мо ҳама боло баромадем ва дар он ҷо дигарон низ ҷамъ шуда буданд. Ҳама ба замин қолинчаю кӯрпача партофта, дастархон ороста буданд. Калонҳо дар гириди дастархон нишаста сӯҳбат доштанду, бачаҳо дар атроф бозӣ мекарданд. Мо ҳам қолинчаамонро партофта дастархон оро додем. Бибиам маро наздашон ҷеғ зада гуфтанд: «Ҳозир ман туро аз ин баландӣ ба поён меғелонам, ту боз натарсӣ. Вақте ки ба поён расидӣ, мехезӣ ва ана баъд аз ин духтари калону боақл мешавӣ. Замин бошад тамоми касалиҳоятро мегирад ва қуввати замин ба ту хоҳад гузашт». Ман ба бибиям нигоҳ карда «не не»,- гуфтам,- «охир ин куртаи навам ифлос мешавад, медарад»,- гӯён рад кардам. Бибиям: «Бо куртаат чизе намешавад, инҷо қолин аст-ку»,- гӯён ба сабзаҳои рӯи замин дасташонро гузошта, кафи дасташонро ба ман нишон дода, афзуданд:- «Ин сабза тоза аст». Баъдтар ман фаҳмидам, ки ин анъанаи Наврӯзӣ будааст, ки кӯдаконро аз баландӣ бо тарафи рост ба поён ғелонанд. Кӯдак бояд ҳафт бор ғелида, баъд аз ҷояш хезад. То ғелидани кӯдакон пирон дуо мекардаанд, тани фарзандонашон доимо сиҳат бошад. Баъди ин ҳама назди дастархон ҷамъ омада, таомҳои идона хӯрдем. Баъдтар падарам моро барои чидани гулҳо фиристод ва мо ба талу теппаҳо рафта, гули бойчечак чида овардем. Боз як анъанаи Наврӯзӣ- ин ба чашм молидани гули бойчечак буд. Бибиям гулро гирифта, ба чашми худашон ва мо молида, дуо карданд. Пирон дар ин рӯзҳо ҳама ҷавононро назди худ шинонда аз гузаштаи худ нақл мекарданд, насиҳат мекарданду дуои нек медоданд. Пас ҳама ба хона баргаштему занҳо ба тайёр кардан ва пухтани суманак шурӯъ карданд. Ҳамон рӯз ҳама дар гирди деги суманак бо доиразаниву сурудхониву рақскунӣ, то саҳар суманакро тайёр карда будем. -Дар мавриди дигар анъанаву одатҳои иди Наврӯзӣ, тайёр кардани сумалак ва чї тавр шумо дар ҷавонӣ онро мепухтед, нақл мекардед? -Яке аз анъанаи хуби наврӯзӣ ин бо ҳам ҷамъ омадани хешу таборон ва ҳамсояҳо мебошад. Ман пас аз оиладор шудан ҳам омад- омади Наврӯзро дӯст медоштам. Он вақтҳо чун анъана суманакро калонҳо тайёр мекарданду мо ҷавонон ба онҳо кӯмак мерасонидем. Занҳои солхӯрда сабзаи сумалакро сабзонида, минбаъд шираи онро мегирифтанд,ва баъд ба пухтани он шуруъ мекарданд. Боз як анъанаи ин рӯз дар гирди деги суманак гирд омадани келинчакҳо мебошад. Ҳар яки онҳо деги суманакро кофта, ягон ният мекарданд. Пӯшидани болои суманак пас аз тайёр шудан, ҳам худ як қонуну қоида доштааст. Дар ҳамон рӯзҳо занҳои ботаҷриба ба мо ёд медоданд, ки пас аз пухтани суманак аввал шохҳои сабзи дарахтонро чида ба болои дег бояд гузорем, ба болои он шохҳо дастархони махсус партофта, баъдан кӯрпаю боқимонда чизҳоро дам кунем. Умуман болои суманакро бо 7 қабат чиз бояд пӯшонид ва ба ҳар як қабат дуоҳои нек бояд ба чо меовардем. Пас аз дам хӯрдан, суманакро боз калонҳо бояд кушоянд ва ҷавонҳо онро байни ҷамъшудагону ҳамсояҳову хешу таборон тақсим кунанд.-Имрӯзҳо, ки худ пири кор шудеду ба ҷавонон урфу одатҳои миллиамонро ёд медиҳед, рӯзҳои наврӯзиро чӣ тавр ҷашн мегиред?-Имрӯзҳо шукри Худо фарзандонам калон шудаанду ман соҳиби набераю абераҳои зиёд гаштаам, рӯзи Наврӯз ҳама дар назди ман ҷамъ мешаванд, дастархони идона оро медиҳем, абераҳо дар ҳавли бозӣ мекунанд, ҷавонҳо ба пухтани суманак ва дигар таомҳо машғул мешаванд. Чун бибиям, ман ҳам ба фарзандону наберагон, дар ин рӯзҳо аз гузашта нақл мекунам, онҳоро насиҳат карда, ба онҳо дуои нек медиҳам. Дар ин рӯзҳо маро ба хонаи маъюбон, ба хонаи хешу табор ва ҳамсояҳое, ки нияти пухтани суманак доранд, даъват мекунанд, то ман ба онҳо дар ин кор маслиҳату дуо диҳам. Фарзанд ва наберагонам, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, кӯшиш мекунанд, дар ин рӯз ба Ватан омада, Наврӯзро бо ман пешвоз гиранд.-Шумо ҳамчун зани ҷаҳондидаю дарозумр ба ҷавонони имрӯза чӣ насиҳат карданиед?-Тавре медонем, дар тарбияи фарзанд модар саҳми калон мегузорад. Модарони ҷавон бояд ба фарзандон на танҳо модар, балки дӯсти наздик бошанд. Аз хурдӣ дар тарбияи онҳо саҳм гузоранд. Бояд дар дили фарзандон меҳр ба Ватан, ба хоҳару бародар, наздикон ва калосолонро чой кунанд. Яке аз насиҳатҳои ману шавҳарам ба фарзандонамон дар хурдии эшон он буд, ки салом додан ба шиносу ношинос ва эҳтироми кулли калонсолон савоб аст. Чунин насиҳатҳо зиёд буду имрӯз ҳам падару модарон бояд ҳар рӯз фарзандонашонро насиҳат кунанд то онҳо чун шахсони баору номус калон шаванд. -Таманниёти Шумо ба мардуми тоҷик дар ин рӯзҳои Наврӯзӣ чист?-Наврўз, ки яке аз идҳои зеботарин ва бахшандаи рўҳу равони тоза ба инсоният аст, ба сарзамини тоҷикон қадамҳои аввалини хешро мегузорад, то пайки шукуфоию ободониро ба мардуми мо бирасонад. Ман мехоҳам ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону наздиконро бо ин рӯзҳои шукуфоии табиат табрику таҳният гуям. Ба ҳама умри дароз, зиндагии ширин таманно дорам. Тоҷикистон доим ободу осоишта бошад. Илоҳо ҳар рӯз, ҳар нафаси ҳама дар байни дӯстону фарзандон бо хушиву хурсандӣ гузарад. Омин! -Ташаккури зиёд барои сӯҳбати самимӣ. Мусоҳиб Лайло Тоирӣ

Март 21, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад