М. Хидирова: Сафи занони роҳбар бештар хоҳад шуд

Март 5, 2014 10:36

Душанбе, 4.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Нақши Зан-Модар дар ҷомеа хеле назаррас аст ва  имрӯз  давлату ҳукумат низ инро дарк карда, дар баланд бардоштани нақши занону духтарон ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани онҳо тадбирҳои зиёд меандешад. Дар арафаи Рӯзи Модар бо як тан зане, ки на танҳо роҳбар,  балки  роҳнамои  тамоми занони Тоҷикистон мебошад, суҳбат доштем. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова ҳарчанд ба наздикӣ ба ин вазифа таъйин гардида бошад ҳам, аллакай дар самти беҳтар намудани вазъи занон корҳои чашмрасеро ба сомон расонидааст. 
 
-Аввалан мехостам Шуморо бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи Модар табрик намоям. Мегуфтед, ки Кумитаи кор бо занон ва оила барои  тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон дар масъалаи татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» чӣ корҳоро анҷом додааст?
-Татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита  ба ҳисоб меравад. Аз ин рў,  баҳри иҷрои барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда,  дар асоси он корҳои муайян амалӣ  шуданд. Масалан, 27 сентябри соли равон  бо иштироки донишҷўдухтарони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, занону духтарони дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятдошта ва бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ «Форуми рушди ҷавондухтарони дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятдошта» баргузор карда шуд.  
Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суҳбату вохўриҳо ва семинарҳои омўзишӣ дар байни занону духтарон ва ҷавонон дар масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои гузаранда баргузор гардида, моҳи октябри соли равон дар шаҳрҳои  Қурғонтеппа, Чкалов, Қайроққум, дар ноҳияҳои  Ёвон, Бохтар ва Қумсангири вилояти Хатлону Суғд оид ба тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки мутахассисони варзидаи  соҳаи тандурустӣ семинари омўзишӣ гузаронида шуд.
         Дар партави ин барнома масъулини шуъба ва бахшҳои   кор бо   занон ва оилаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати омода намудани занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда семинарҳои омўзишӣ,  тренингҳо таҳти унвони “Лидер мешавам”, “Зани сарвар”, “Мактаби занони роҳбар”, “Масъалаҳои роҳбарӣ ва иштирок дар сатҳи миллӣ”, “Зан ва сиёсат” баргузор намуда, вохўрию суҳбатҳо  доир карданд.  
-Нақши занон дар пешбурди ҷомеа ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ назаррас аст. Мегуфтед, ки сафи занони роҳбар дар ин муддат ба чанд нафар расидааст? 
-Дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва бандҳои барномаи мазкур  ҳайати роҳбарикунанда дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он аз ҳисоби занон торафт афзун мегардад. Дар айни замон аз 11528 нафар хизматчиёни давлатӣ дар сохторҳои мазкур 2847 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 168 нафар аз ҳисоби занон зиёд мебошад. Теъдоди умумии хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 18705 нафар буда, аз ин шумора 4378 нафарро занон ташкил медиҳанд.
-Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар арафаи Рӯзи Модар ба Вазорати маориф ва илми ҶТ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ супориш дод, ки дар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, пешгирӣ кардани ҳодисаҳои аз раванди таълим берун мондани духтарон ва бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус, духтарон тадбирҳои мушаххас андешанд. Кумитаи занон барои ҳалли ин масъала чӣ чораҳо дид?
-Масъалаи ба таълиму тарбия фаро гирифтани духтарон, тақвияти малакаҳои онҳо, ҳидоят намудан ба илмомўзию маърифатнокӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Маърифатнокӣ, ҳамчун яке аз ченакҳои муҳими баҳодиҳӣ ба дараҷаи ташаккули шахсият, сарҳадҳои миллию нажодӣ ва ҷинсию молумулкӣ надошта, аз саъйу кўшиш, шавқу завқ ва қобилияти донишомўзии ҳар як шахс вобаста мебошад. Яъне, ҳар як кас метавонад баҳри ба даст овардани ин сармоя бе маҳдудият кўшиш намояд. Дараҷаи маърифатнокӣ метавонад на танҳо ба сатҳ ва мавқеи иҷтимоии шахсияти алоҳида, балки ба рушди ҷомеа таъсири бевосита расонад.  
Вобаста ба фаъолият дар ин самт  якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои компютерӣ ва омўзиши забони англисӣ  барои  таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” ташкил карда шуд.  Инчунин кумита бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷўдухтарони лаёқатманд ва аълохони донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ чун ҳамасола 30 нафар ҷавондухтарро бо  идрорпулии  кумита  таъмин  менамояд.
Дар баробари ин гуруҳҳои кории кумита якҷоя бо бахшҳои кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ як қатор вохўрию мулоқотҳо ва семинарҳои омўзишӣ вобаста ба масъалаи мазкур ташкил намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки хушбахтона, вобаста ба ин масъала афкори ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Имрўз таҳсили духтарон дар аксар манотиқи кишвар мушкилӣ надорад. Лекин боз ҳолатҳое ҳастанд, ки сари онҳо кор бояд кард.
Бо мақсади ҷалби занон ба касбомўзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ  бо масъулини Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва соҳибкорони маҳаллӣ занону духтарон ба омўзиши касбҳои дўзандагӣ, пазандагӣ, омўзиши барномаҳои компютерӣ ҷалб гардида, баъди ҷамъбасти курсҳои кўтоҳмуддат бо ҷойҳои корӣ таъмин шуда истодаанд.
-Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳибкорон, аз ҷумла бонувони соҳибкор тадбирҳои зиёд меандешад, мегуфтед, ки соли сипаригашта чанд нафар зан ва аз кадом ҳисоб ба соҳибкорӣ машғул шуд? 
-Дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби роҳбарияти давлат сол то сол тақвият пайдо менамояд. Вобаста ба ин масъала грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд ва аз соли 2006 то инҷониб 210 нафар занону духтарони соҳибкор ғолиби озмун гашта, фаъолияти соҳибкории худро тақвият бахшиданд. Қобили зикр аст,  ки бо мақсади дастгирии иқдоми неку пайгиронаи Сарвари давлат дар вилояти Суғд 15 гранти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд.
  Боиси қаноатмандист, ки сол то сол имкониятҳои бештари дастёбии занон ба қарзҳо афзоиш ёфта истодааст. Тибқи маълумотҳо  дар  соли 2013  аз  4 миллиарду 707 миллиону 526 ҳазор ба занон  1 миллиарду 186 миллиону 040 ҳазору 4 сомонӣ қарзҳои хурд  дастрас гардид, ки аз 455 ҳазору 961 нафар қарз гирифтагон 155 ҳазору 978 нафарашон занон мебошанд. Қобили қайд аст, ки ҳаҷми умумии қарзҳои хурди додашуда аз ҷониби низоми бонкӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 569 миллиону 8 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ин ҳам яке аз омилҳои муҳими фаъолнокии иқтисодии занон ба шумор меравад.
-Кумитаи кор бо занон ва оила барои ҷалби занон ба соҳибкорӣ чӣ корҳоро ба анҷом мерасонад?
-Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷалби занон ба соҳибкорӣ корҳои муайянеро анҷом медиҳад. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии  Оксфам ва «Камп-Кўҳистон» мизи мудаввари миллӣ дар мавзўи «Нақши занон дар ислоҳоти кишоварзӣ»  баргузор карда шуд. 
Дар айни замон кумита дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмони байналмилалии OXFAM тасмим дорад, ки озмуни «Зан соҳиби замин»-ро барои занҳои роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерии вилояти Хатлон баргузор намояд. Инчунин кумита барои баргузории  омўзиши 110 нафар занони ноҳияҳои минтақаи Рашт  ба соҳибкорӣ дар моҳҳои январ то феврали 2014 бо Барномаҳои рушди СММ Шартномаи муштаракро ба имзо расонид.
-Президенти мамлакат  ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дод, ки бо ҷалбу истифодаи тамоми имкониятҳо, аз ҷумла падару модарон, аҳли зиё корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ва наврасону ҷавонон пурзӯр намуда, ҷиҳати татбиқи муқаррароти қонуни мазкур тадбирҳои иловагӣ андешанд. Кумитаи занон дар соли сипаригашта барои ҳалли ин масъала кадом тадбирҳоро роҳандозӣ намуд? 
-Кумита ва шуъбаҳои он дар самти  иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Ҳамчунин дар вохӯрию суҳбатҳо бо занон дар мавзўи «Нақши ҳаё ва покии зан дар маърифати низоми зиндагӣ» оид ба фарогирии духтарон ба мактаб, пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили  худкушӣ, бадахлоқӣ, барвақт ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, содир шудани ҷиноятҳо аз тарафи занон, фавти модару кўдак мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Дар ин вохўриҳо намояндагон аз ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳаллаҳо, шўроҳои занони ҷамоатҳо иштирок доштанд.
Дар самти пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, зуҳуроти рафтори номатлуб ва мусоидат барои ташаккули тафаккури солим, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, дар ҷодаи пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, наврасону ҷавонон, инчунин донишҷӯёне, ки ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, дар ҳамдастӣ бо  кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин,  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда,  корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, суҳбату вохўриҳоро байни занону духтарон гузаронид.
         Инчунин  бо мақсади беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия дар оила, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватанпарастии аҳолӣ масъулини кумита дар коллеҷу литсейҳои шаҳри Душанбе ва маҳаллаҳои он, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо фаъолон ва волидон вохўрию   суҳбатҳоро  баргузор  намуданд.  
       Қобили зикр аст, ки иҷрои Қонуни мазкур ва баланд бардоштани сатҳи таълим ва тарбия  яке аз масъалаҳои ҳалталаб буда, зери назорати махсуси Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор дорад. 
-Нақши занон дар пешбурди ҷомеа ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ назаррас аст. Мегуфтед, ки сафи занони роҳбар дар ин муддат ба чанд нафар расидааст?
  -Дар ҳақиқат ҳам саҳми занон дар рушду шукуфоии кишвар хеле назаррас аст. Аз ҷумла, дар соҳаи хизматӣ ва дигар соҳаҳо сафи занони роҳбар рўз то рўз афзуда истодааст. Имрўз шумораи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ 4378 нафарро ташкил дода, аз онҳо 1049 нафараш дар сатҳҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият мекунад. Шумораи занони соҳибкор 41710 нафарро ташкил дода, 5402 нафар зан сарварии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда дорад.
-Танзими расму оинҳои мардумӣ яке аз вазифаҳои асосии занону модарон ба ҳисоб меравад. Кумита барои танзими расму русум якҷоя бо занони фаъол чӣ корҳоро пеш мебарад?
-Кумита дар партави  иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, № 272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаи чорабиниро таҳия намуда,  вобаста ба он як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Бо ташаббуси кумита дар соли ҷорӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки аз фармону супоришҳои Сарвари давлат дар мулоқот бо занони фаъол бармеояд, аз ҷониби мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Рўдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Ҳисор, Турсунзода,  Хуросон, Бохтар, Кўлоб, Ёвон, Мўминобод, Носири Хусрав, Вахш, дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Хуҷанд, Мастчоҳ ва Айнӣ  маҷлисҳову вохўриҳо дар байни фаъолзанон баргузор  гардиданд. Дар қатори дигар масъалаҳо дар ин маҷлисҳо масъалаи танзими ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз  ҷумла Рўдакӣ, Шаҳринав, Ваҳдат Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод,  Рашт ва дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, Конибодом, Хуҷанд, Чкалов ва ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва Мастчоҳи вилояти Суғд, инчунин дар ноҳияҳои Мўминобод, Ёвон, Ҷ.Румӣ, Н.Хисрав, Хуросон, шаҳрҳои Норак, Қурғонтеппа, Кўлоби вилояти Хатлон ва дар шаҳри Душанбе  дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак бо бахши танзими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба баргузории маросиму анъанаҳои мардумӣ  суҳбату вохўриҳо баргузор шуданд. 
Инчунин дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо намояндагони Кумитаҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавонон, варзиш, ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон ва донишҷўён мизи мудаввар дар мавзўи “Танзими анъанаҳо танзими зиндагист”  доир гардид.
Бояд зикр намуд, ки  маҳз талоши занон дар самти таъмини иҷрои Қонуни мазкур метавонад омили муҳим мебошад.
 -Таманниёти Шумо ба занони тоҷик дар арафаи Рӯзи Модар
 -Ба кулли занони тоҷик сарбаландию тансиҳатӣ, хонабодию пирўзиҳо таманно дорам. 
-Ташаккур барои суҳбат.
 
Мусоҳиб Лайло Тоирӣ
 
 
 

Март 5, 2014 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд