Майли наврӯзӣ ба бозиҳои варзишӣ
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 16-уми марти соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар соли 2014 мусобиқаи кушода оид ба волейбол байни тамоми сохторҳои вазорат оғоз гардид.Мусобиқа аз 16 — ум то 20 марти соли 2014 байни дастаҳои дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Муассисаи давлатии «Литсей- интернати касбии махсуси маъюбон ва Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ — касбии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, 4 даста бо ҳам рақобат хоҳанд кард.Дар гурўҳи аввал Хадамоти муҳоҷират бо Муассисаи давлатии «Литсей — интернати касбии махсуси маъюбон» рақобат карда, Хадамоти муҳоҷират бар тими Литсей — интернати касбии махсуси маъюбон дастболо гардид.Дар гурўҳи дуввум дастгоҳи марказии вазорат бо Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қувваозмоӣ намуда, агентӣ ғолиб омад.Дар гурўҳи сеюм Муассисаи давлатии «Литсей- интернати касбии махсуси маъюбон бо Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ — касбии шаҳри Душанбе мусобиқа намуда, Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ — касбии шаҳри Душанбе бар тими Литсей — интернат ғолиб омад. Дар гурўҳи чорум байни дастаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қувваозмуда, тими вазорат аз дастаи Хадамоти назорат шикаст хӯрд.Мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани маҳорати варзишии кормандон, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим байни кормандон ва дар байни ҷавонон бурдани ташвиқот бар зидди маводи нашъадор мебошад.Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот иттилоъ доданд, мусобиқа идома дорад ва ғолибони бозӣ 20 март муайян хоҳанд гашт.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






