Матвиенко: “Мавқеъгирии Тоҷикистону Русия комилан ба ҳам мутобиқ аст”
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ “Ховар”).- 13-уми март дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенко як силсила масоили мутааллиқ ба ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт. Валентина Матвиенко пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма гуфт:
“Суҳбати пурмуҳтавое бо ҷаноби Президент доштам. Мо масъалаҳои густардаи байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор додем. Бори дигар мутмаин шудем, ки кишварҳои мо дар воқеъ шарики стратегӣ ва боэътимоди ҳам ҳастанд. Тоҷикистону Русия хостори боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои тарафайн ҳастанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин муносибатҳоро боз ҳам таҳким бахшанд.
Тоҷикистон барои Русия шарики муҳим ва стратегӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, равобити мо мунтазам пеш меравад. Дар ин самт мо ҳамкориҳоро дар соҳаи савдо рушд,дода, дар баробари ин ба соҳаҳои иқтисод ва энергетика авлавият хоҳем дод. Дар айни ҳол Русия барои Тоҷикистон шарики рақами як дар соҳаи иқтисоду энергетика маҳсуб меёбад. 50 фоизи маблағгузории хориҷии Тоҷикистон аз Русия аст. Ширкатҳои хурду бузург ва миёнаи мо ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаҳои хоҷагидорӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд ҳастанд.
Натиҷаи гуфтушуниди мо ҳам бо парлумон ва ҳам бо Президент нишон дод, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ кишварҳои мо имкониятҳои васеъро доро мебошанд. Муносибатҳои Тоҷикистону Русия на танҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷониба аҳамият доранд, балки баҳри таъмини суботу низом дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ аҳамияти хос доранд. Ин минтақа хеле ҳассос аст. Махсусан, баъди хуруҷи неруҳои эътилофӣ аз Афғонистон, ки дар охири соли ҷорӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ моро мебояд муттаҳид шуда, ин хатарҳои эҳтимолиро пешгирӣ намоем. Дар ин робита ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия аз аҳамият холӣ нестанд.
Мо аз Президенти Тоҷикистон ва роҳбарияти кишвар хеле миннатдорем, ки шартномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро то соли 2042 ба имзо расониданд. Ин, албатта, нақши муҳиме дар танзими вазъ мегузорад ва инчунин нишонаи мавҷудияти боварии комил байни ду давлат мебошад. Тоҷикистонро роҳбари хирадманд ва дурандеш идора карда истодааст, ки бо нигоҳдории манфиатҳои миллӣ ҳамкории хубро бо Русия ба роҳ мондааст.
Мо ниҳоят аз пешвози самимона, меҳмоннавозии сатҳи олии ҳайати парлумонӣ ва гуфтушуниди озоду ошкоро қаноатманд ҳастем. Суҳбатҳо нишон доданд, ки назари Тоҷикистону Русия дар бештари масъалаҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ ё бо ҳам наздик аст ва ё мутобиқат мекунад”.