Мерасад овои Наврӯз
Хуҷанд, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд барои ҷашнгирии Иди Наврӯз корҳои омодагӣ хуб ҷараён доранд.
Барои равшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ хабарнигори мо Абдуаҳад Шарифзода дар Суғд бо шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода суҳбат орост.
-Муҳтарам раис, мо иттилоъ дорем, ки соли сипаригашта шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят ғолиби озмуни “Шаҳри беҳтарин” гашт. Ба ақидаи Шумо ҳамчун шаҳрдор кадом омилҳо заминаи ин муваффақият шуданд?
-Воқеан ҳам пешравии соҳаҳои хоҷагии халқи ҳар як шаҳру ноҳия ин бевосита пешбурди на танҳо сокинони он минтақа, балки кишвари азизамон Тоҷикистон аст. Соли сипаригашта шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят дар озмуни “Шаҳри беҳтарин” мақоми аввалро соҳиб гашт, зеро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр пешравиҳо назаррас буданд. Аз ҷумла, соли 2013 нақшаи буҷети давлатӣ 108,7% ва буҷети маҳаллӣ 111,2% иҷро шуд. Дар маҷмӯъ, дар миқёси шаҳр 5 ҳазору 200 ҷои кори нав дар ҳамаи соҳаҳои хочагии халқ ташкил шуд, ки аз он 2000 мансуб ба соҳаи саноат аст. Шумораи умумии коргоҳҳои саноатӣ аз 70 адади соли 2012 охири соли гузашта ба 90 адад расид.
Ба ғайр аз ин дар шаҳр боз 40 иншооти гуногун, аз қабили ду мактаби нав — “Иршод” ва №31, кӯдакистони президентӣ барои 1000 ҷой, қасри муосири варзишии дорои 3 ҳазор ҷойи нишаст, 12 майдончаи варзишӣ, 8 маркази замонавии ташхисиву табобатӣ ташкил шуда, 25 км роҳҳои дохили шаҳрӣ таъмири пурра шуданд, ки дар ин ҳама ободкориву созандагӣ саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ назаррас аст. Ин омилҳои асосӣ Хуҷандро соли дуввум аст, ки дар зинаи аввал ҷойгир мекунонанд.
-Шурӯъ аз моҳи ноябр дар Хуҷанд баҳс оид ба озмуни «НИШОН ВА РӮЗИ ШАҲР» идома дорад. Мақсад аз эълони ин озмун дар чист ва он кай ҷамъбаст мешавад?
— Мақсад аз эълон намудани озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр»- ин пеш аз ҳама муаррифии Хуҷандшаҳр ҳамчун шаҳри бостонӣ, ки дорои гузаштаи бою рангин аст, шинохти он ба сифати маркази маъмурии вилояти Суғд, тарбияи ҳисси шаҳрдорӣ, ифтихор аз Ватан ва худшиносию худогоҳии миллӣ мебошад.
Шурӯъ аз 15 ноябри соли гузашта ба ҳайати аъзои комиссия, ки аз 20 нафар — меъморон, рассомон, лоиҳакашон, муаррихон, адибон, аҳли фарҳанг иборат аст, то охири моҳи январ зиёда аз 250 нусха расми гуногун пешниҳод гардид. Дирӯз ҷаласаи саввум доир гардид, ки дар он аз тарафи аъзои комиссия се лоиҳа ҳамчун беҳтарин интихоб гардида, он ба даври чорум барои коркарди ниҳоӣ ба муаллифонашон баргардонида шуд. Ният дорем, ки натиҷаи озмуни “Нишони шаҳри Хуҷанд”-ро дар арафаи ҷашни Наврӯз ҷамбаст кунем. Ғолиби озмун бо маблағи пулии 5000 сомонӣ мукофонида мешавад. Бояд гуфт, ки дар озмун ҳам сокинони шаҳр ва ҳам берун аз он ширкати фаъолона доранд.
— Соли равон Тоҷикистон дар рӯйхати мамлакатхои дунё, ки барои саёҳат тавсия мешаванд, дар ҷои дувум ҷой гирифт. Дар ин раванд, ки яке аз самтҳои даромаднок ба ҳисоб меравад, дар маркази Суғд — шаҳри .Хуҷанд барои ҷалби сайёҳон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
— Боиси зикр аст, ки сол аз сол таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Хуҷандшаҳр зиёд мешавад. Ҳамаи ин пеш аз ҳама аз сулҳу суботи кишвар ва баъдан аз фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон дарак медиҳад. Солҳои охир дар шаҳр барои дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ якчанд меҳмонхонаи 4 ситорадор сохта шуд. Аз қабили меҳмонхонаи “Хуҷанд-отел” ва “Фирӯз” бо 30 ҷой. Ба наздикӣ боз як меҳмонхонаи 3 ситорагӣ барои 20 ҷой ба истифода дода мешавад.
Инчунин сайёҳон метавонанд аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо фаввораҳои рангаву мусиқидор, бозори овозадори “Панҷшанбе”, масҷиди “Шайх Маслиҳаддин”, аз осорхонаи кишваршиносии вилоятӣ, театри Камоли Хуҷандӣ, боғи Наврӯзгоҳ дидан кунанд.
Ғайр аз ин дар шаҳри Қайроққум осоишгоҳи “Баҳористон” бо ҳама шароитҳои муосир ва лагери беҳтарини минтақа “Шоҳин” дар хизмати меҳмонон аст. Осоишгоҳ имрӯз метавонад 1000 нафарро қабул намояд. Дар масоҳати 30 гектар чойхонаи миллӣ, тарабхонаи аврупоӣ ва чанд ҷойи фароғативу истироҳатӣ, инчунин оббозӣ дар “Баҳри тоҷик” ташкил шудааст. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки имрӯз барои сайёҳон дар вилоят ва маркази он шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанд, то ки меҳмонону сайёҳон хуб истироҳат кунанд ва бо анъанаву ҷойҳои таърихии Суғдзамин аз наздик ошно гарданд.
— Дар самти эҳёи анъанаҳои миллӣ ва инчунин рушди саноати сабук дар маркази вилоят чӣ корҳо нақшагирӣ шудаанд ва алъон натиҷагириҳо чӣ гунаанд?
— Дар ҷодаи эҳёи ҳунарҳои милливу анъанаҳои ниёгон, оид ба ташкили маҳфилҳои зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ, ҷомадӯзӣ корҳо назаррасанд. Шурӯъ аз моҳи равон дар корхонаи “Зиннат” 100 нафар занон ба қолинбофӣ ва 100 нафари дигар ба сӯзанидӯзӣ машғул мешаванд. Инчунин ташкили боз чанд коргоҳи хурду миёна дар назар аст.
Алъон дар миқёси шаҳр чанд коргоҳи саноати сабук амал мекунад. Соли гузашта дар коргоҳҳои соҳаи саноати сабук агар 2400 тонна пахта коркард шуда бошад, пас соли равон нақша дорем онро то 10 000 тонна расонем. Дар нақша ҳаст, ки яке аз коргоҳҳои калонтарин, собиқ корхонаи муштараки Кореяву Тоҷикистон «Каабол Тоҷик Текстайлс» ба кор дароварда шавад. Ҳоло гуфтушунид бо ширкати покистонии «Прайм-коттон» ҷараён дорад. Дар соли равон аллакай 2 коргоҳи нав- “Сарей” бо 50 ҷои корӣ ва “20- солагии Истиқлолият” бо 100 ҷой ба кор сар кард.
— Соли гузашта бо иқдоми Шумо боғи “Ғалаба” аз нав тармим шуд ва Наврӯзи Хуҷандшаҳр дар он ҷо баргузор гашт. Барои ҷашнгирии Наврӯзи имсола омодагиҳо чӣ гунаанд?
-Соли равон тантанаҳои асосии наврӯзии Хуҷандшаҳр дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор хоҳанд гашт. Имсол иқдом гирифтем меҳмононро аз ҳамаи бародаршаҳрҳоямон, чун Табрези Эрон, Ганҷаи Озарбойҷон, Чимкенти Қазоқистон, Ӯши Қирғизистон, Небраскаи ИМА ва намояндагони корпусҳои дипломатиро барои ширкат варзидан даъват намоем. Ташкилкунандагон бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллии неки ниёгон, тарғиби расму оинҳо ва нақши ҷашни Наврӯз дар таърихи халқи тоҷик барномаи рангин омода намудаанд. Дар назар аст чорабинӣ бо иштироки зиёда аз 20 ҳазор нафар иштирокчию сокини Хуҷандшаҳр баргузор гардад.
Дар маҳаллаҳои шаҳр низ чорабиниҳои гуногун, аз қабили бозиҳои миллӣ, озмуни «Тарроҳи беҳтарин», “Чакомаи гесӯ”, озмуни “Атлас”, суманакпазӣ, озмуни “Оши палави беҳтарин”, озмуни “Домоди паҳлавон”, “Суруди алла” ташкил мешаванд.
Инчунин дар шаҳри Хуҷанд дар 100 мавзеъ суманак пухта хоҳад шуд. Барои ин як тонна гандум, ба ҳаҷми лозимӣ ҳезум, орд, равған аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ройгон дода мешавад. Хосатан нақша дорем ҷашни Наврӯзро дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронем.
— Дар самти ободонӣ ба истиқболи ҷашн чӣ корҳоро анҷом доданиед?
— То рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бояд майдони «Ситораҳои Хуҷанд» аз навсозӣ шуда, дар шоҳроҳи ба номи Исмоили Сомонӣ девораҳои қади роҳ ба масофаи 4 км аз нав карда шуда, дар шаҳр тамоми чароғакҳои ороишӣ низ бо тарҳу намуди куллан нав насб мешаванд. Ҳамчунин мувофиқ ба нақшаи кабудизоркунӣ, ки аввали моҳи равон оғоз ёфт, то ҷашн шинонидани наздик ба ду миллион гулу гулбутта ва ниҳолҳои ҳамешасабз ба миқдори 200 ҳазор дона бояд ба анҷом расад.
-Нақшаҳо дар соли равон чӣ гунаанд?
— Соли равон чун соли ҷашни қабули 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар шаҳри Хуҷанд як силсила чорабиниҳо ба назар гирифта шудаанд. Шурӯъ аз моҳи март дар шаҳр вобаста ба қарори раиси вилоят оид ба эълон намудани “Соли 2014-соли ободии роҳҳо” — корҳои ободкориву ниҳолшинонӣ оғоз ёфтаанд.
Инчунин дар солҳои наздик дар миқёси шаҳр 116 км роҳ бояд таъмири пурра ва ҷорӣ шавад. Алъон барои таъмири заводи асфалт 100 000 сомонӣ, барои хариди битум 500 000 сомонӣ ҷудо шуда, ҳоло зиёда аз 100 тонна битум харид шудааст ва бо гарм шудани ҳаво корҳо оғоз меёбанд.
Дар қатори корҳои созандагӣ ва оммавияти варзиш байни кӯдакону наврасон соли равон ифтитоҳи 20 коргоҳи хурду миёна, 40 иншооти гуногун, сохтани 20 майдонча ва 5 толори варзишӣ дар назар аст.
— Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Абдуаҳад Шарифзода