Мулоқоти Руслан Шодиков бо донишҷӯёни ДДОТ

Март 28, 2014 16:16

Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Фардо, 29-уми марти соли ҷорӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Руслан Шодиков бо донишҷўёни риштаи туризми Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ  мулоқот  мекунад.  
Мулоқот дар доираи иҷрои Протоколи ҷаласаи XII-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ҷиҳати ба роҳ мондани механизмҳои муосири омодасозии кадрҳои соҳаи туризм ва баргузории   нишасту вохўрӣ ва семинарҳои омўзишӣ  бо муҳассилини муассисаҳои таълимие, ки кадрҳои соҳаи туризмро тайёр менамоянд, дар давоми моҳҳои март-апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст. 
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

Март 28, 2014 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад