Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 26.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз вориди шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шуд.Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кобул меҳмони олимақомро Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Юнус Қонунӣ, Вазири корҳои хотриҷии кишвар Зарор Аҳмад Усмонӣ, Мушовири амнияти миллӣ Рангин Додфар Спанто, Вазири иттилоот ва фарҳанг Саид Махдум Раҳин, Волии Кобул Абдулҷаббор Тақво ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.Масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хоса оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем”.Аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар ва ҳамчунин аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушӣ карда шуд.Барои ҳалли саривақтии мушкилоти сармоягузорон, коршиносону мутахассисон ва муҳоҷирон ҳамкории босамартар ва мунтазами сохторҳои сиёсӣ ва давлатии ду кишвар, пеш аз ҳама парлумонҳо, додситониҳои кулл, додгоҳҳои олӣ ва мақомоти адлия зарур шумурда шуд.Ҳарду ҷониб аз рушди босуръати ҳамкории энергетикӣ, зербиноӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори хушнудӣ карда, тақвияти ҳамгироиро ба татбиқи зудтару босифати барномаҳои калонмиқёси минтақавӣ мисли хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон амри зарурӣ номиданд.Ба манзури тақвияти бештари нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон ҷониби Тоҷикистон бори дигар омодагии худро ба саҳмгузорӣдар омӯзиши кадрҳои ин соҳаи кишвари ҳамсоя таъкид дошт.Боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзӣ матлуб дониста шуд.Дар робита ба таҳкими фазои сулҳи саросарӣ дар Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон хостори созмондиҳии раванди сулҳ аз ҷониби худи афғонҳо ва бо раҳбарии афғонҳо мебошад. Дигарон бояд фақат мусоидати беғаразона ва дӯстона намоянд”.Доир ба интихоботи қарибулвуқуи президентӣ дар Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар кард: “Мо самимона ҷонибдор ҳастем, ки афғонҳо сарнавишти худро худашон муайян созанд, то ин интихобот ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, ба ободиву сарсабзии ин кишвар, ба ояндаи зебову дурахшони Шумо мусоидат намояд”.Ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табодули назар карда шуд.Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба;Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи Афғонистон;Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаолияти гумрукӣ;Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фарҳанг, ҳунар ва нашрияҳои савтӣ, тасвирӣ ва чопӣ;Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.Зимни нишсати матбуотӣ сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот, фазои дӯстию ҳамкорӣ ва дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






