Намоишгоҳ дар остонаи ҷашни Наврӯз

Март 18, 2014 14:32

 
Душанбе, 18.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии  Тоҷикистон имрӯз дар бинои «Душанбе -Плаза», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии Душанбе намоишгоҳи корхонаҳои саноатии пойтахт созмон дода шуд, ки дар он беш аз даҳ корхонаю ширкатҳои истеҳсолии Душанбе маҳсулоти худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштанд. 
      Ташкили силсиланамоишгоҳҳо ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе  иқдоми шаҳрдори Душанбе- Маҳмадсаид Убайдуллоев буда, он бо мақсади рушди соҳибкории истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ба рушди иқтисодиёти мамлакат, инчунин пурнозу неъмат гардонидани дастархони сокинон ва меҳмонони пойтахт созмон дода шудааст.
        Дар намоишгоҳ корхонаҳои саноатии пойтахт, назири «Амирӣ», «Афсонаи Шарқ»,  «Душанбеагросервис», «Силовсин», «555 МПК», «Тоҷиккристалл», «Рангинкамон-равшан», «ЛВЗ Шоҳона», «Раимбек Боттлерс»  «КИМК Ширин», «Нафиса», «Шарбатҳо», корхона оид ба истеҳсоли лампаҳои каммасраф, «Комбинати шири Душанбе» маҳсулоти худро ба намоиш ва  фурӯш гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки нархи маҳсулоти ба намоиш ва фурӯшгузошташуда, дар қиёс ба нархи бозор ва дигар мағозаю нуқтаҳои фурӯши маҳсулот то 10-15 % арзон буда, дар пурнозу неъмат гардонидани хони наврӯзии сокинон ва меҳмонони пойтахт муосидат менамояд, зеро бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ,  назири кулчақанду шириниҳо дар худ рамзҳои баҳору наврӯзро таҷассум намудаанд, ки аз тахайюлоти бою рангини омодакунандагони онҳо шаҳодат медиҳад. 
          Давлаталӣ Таваров- муовини директор оид ба молия ва иқтисодиёти фабрикаи қаннодии «Ширин» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ташкили чунин силсиланамоишгоҳҳо дар остонаи ҷашни Наврӯз аз ҷониби шаҳрдории Душанбе  ба муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатии пойтахт, пурнозу неъмат гардонидани хони идонаи сокинон ва меҳмонони Душанбе мусоидат менамояд.

 

Март 18, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад