«Ободкорон»- минтақаи маъмурии милитсия
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини аввали раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев, раиси ноҳияи Сино Зафар Сафаров дар маҳаллаи Авули ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бинои нави минтақаи маъмурии милитсия «Ободкорон» ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД дар маросими ифтитоҳи ин бинои хуштарҳи замонавӣ, ки иборат аз 3 ошёна ва 16 утоқи корӣ мебошад, роҳбарият, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва аҳли ҷамоат ширкат намуданд.
Бояд зикр намуд, ки бинои маъмурӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили компютер, воситаҳои алоқа, камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз буда, барои қабули шаҳрвандон утоқи алоҳида ҷудо шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






