Президент «Википедияи тоҷикӣ»-ро дастгирӣ намуд

Март 20, 2014 11:42

Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Яке аз омилҳои муҳими густариши андешаи миллӣ ташаккул додани мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва рўҳияи ифтихор аз Ватан ва давлати соҳибихтиёр дар байни наврасону ҷавонон аст”,- зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 20 марти соли 2014 зимни суханронии хеш  дар вохӯрӣ бо аҳли зиёи мамлакат .  
Сарвари давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ин самт истифодаи васеъ аз зарфияти зеҳнии зиёиён бисёр муҳим аст, зеро маҳз зиёиён бо офаридани рамзҳои шахсиятсоз метавонанд ба ин раванд мусоидат намоянд. 
Яке аз мисолҳои он таҳияи филмҳои бадеиву тасвирӣ дар бораи  шахсиятҳои асотириву таърихӣ — Рустами Дастон, Суҳроб, Сиёвуш, Спитамен, Деваштич, Шерак, Томирис, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Саъдӣ, Камол, Ҷомӣ, Бедил, Темурмалик, Восеъ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар қаҳрамонони осори классикӣ ва муосири мо мебошад. 
Иқдоми мазкур ба он мусоидат мекунад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳо ва ҳувияти миллӣ бо роҳу усулҳои муосир ба роҳ монда шавад. 
Иқдоми дигаре, ки дар замони ҷомеаи иттилоотӣ муҳим аст, густариш додани истифодаву корбурди забони тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет мебошад. Имрўзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт. 
Сарвари давлат ба Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дод, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад. 
Ҳамчунин ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, Академияи илмҳо ва Китобхонаи миллӣ супориш дода шуд, ки барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани асарҳои саромадони адабиёти гузашта ва муосири Тоҷикистон аз шабакаи интернет васеъ истифода намоянд. 
 
 

Март 20, 2014 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад