Риштаи дӯстии Тоҷикистону Ҷопон ногусастанист

Март 13, 2014 16:34

 
     Душанбе, 13.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Мо метавонем дар доираи фаъолияти Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Ҷопон» фарҳангу тамаддуни миллии  қадимӣ ва муосири хешро ба ҷомеаи кишварҳоямон муаррифӣ намуда, риштаи дӯстию ухуватро байни миллатҳоямон таҳким бахшем». Ин нуктаро Нуралӣ Солиҳов-ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия зимни мулоқот бо Ҳироюки  Имаҳаши- Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон  ва  кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зир кард.
     Нуралӣ Солиҳов, ки ҳамзамон раиси  Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Ҷопон» аст, таъсиси ҷамъияти мазкурро  барои рушди равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар муҳиму самарабахш ва падидаи нек арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки ба Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Ҷопон» шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги Тоҷикистон шомиланд, ки саҳми онҳо дар тақвияти фаъолияти ҷамъият ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ҳар ду кишвар муҳим хоҳад буд.
 Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия доир ба раванди таълиму тарбия ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ин донишгоҳ табодули назар карда гуфт, ки дар  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар радифи тахассусҳои дигар, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир  мешавад.  Дар тӯли солҳои охир майлу рағбати ҷавонон ба омӯзиши забони ҷопонӣ бештар гардидааст, ки ин  баёнгари муҳаббат ба фарҳангу тамаддуни миллии  Ҷопон аст.
Ҳамзамон доир ба дастовардҳои техникие, ки Ҷопон ба он ноил гардидааст, ибрози назар карда шуд. Пешниҳод гардид, ки табодули устодону донишҷӯён  байни ду кишвар бештар гардида, истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар заминаи илму техника ба роҳ монда шавад. 
Дипломати ҷопонӣ аз таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон — Ҷопон» истиқбол намуда, онро падидаи нек дар таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи  Душанбеву Токио, бахусус дар бахши илму фарҳанг арзёбӣ кард. Ҳироюки Имаҳаши омодагии сафорати кишвараш дар Тоҷикистонро барои дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои фарҳангие, ки дар доираи ҷамъияти мазкур гузаронида мешаванд, баён дошт.
Мушаррафа Шарифова -муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳадафу маром ва вазифаҳои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Ҷопон» маълумот дода гуфт, ки ин ҷамъият бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун ва дастовардҳои илмии Тоҷикистону Ҷопон ба мардумони ҳар ду кишвар созмон дода шудааст. Мо метавонем дар доираи ин ҷамъият бо ҷалби бахши ҷопонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҷопон, намоиши филмҳо, ошноӣ бо расму оин ва дигар чорабиниҳои фарҳангиро роҳандозӣ намоем. 
Дар вохӯрӣ ҳамзамон  Умед Мансуров- ноиби ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Рустам Салимов -декани факултети филологияи донишгоҳи мазкур ва дигарон доир ба таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Ҷопон» ва нақши он дар таҳкими муносиботи фарҳангии ду кишвар табодули назар карданд.16.11.
 
 
 
 
 

Март 13, 2014 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд