Шаҳриён Наврӯзро бо мушакпарронӣ истиқбол мегиранд
Душанбе, 17.03.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода”.-Ҷашни Наврӯзи фархундапайро, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондааст, сокинон ва меҳмонони Душанбешаҳр бо шукӯҳи хосса истиқбол мегиранд. Душанбегиҳо Наврӯзро субҳи 21 март дар Боғи Ғалаба бо мушакпарронии идона истиқбол намуда, баъдан корвонҳои Наврӯзӣ, ки бо аспҳои сафед ва гардунаҳо ороиш ва зебу зиннат дода шудаанд, таҳти навои карнаю сурнай ба чор самти пойтахт раҳсипор гардида, ба сокинон ва меҳмонони Душанбе пайк ва муждаи наврӯзӣ мерасонанд. Базмгоҳи асосии наврӯзӣ чун солҳои қаблӣ “Наврӯзгоҳи пойтахт” буда, дар ин ҷо 21 март аз соати 10:30 намоиши театрикунонидашудаи наврузӣ таҳти унвони “Наврӯзи пойтахт-90” барпо мешавад, ки дар он беҳтарин дастаҳои ҳунарии кишвар, ромишгарону раққоссон ҳунарнамоӣ намуда, ба базми наврӯзӣ шукӯҳи хосса мебахшанд. Ба ҷашнгоҳи наврӯзӣ аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Парлумон, намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ даъват гардидаанд. Ҳамзамон 22 март аз соати 10 Наврӯз дар сатҳи чор ноҳияи пойтахт дар боғҳои фарҳангию фароғатии “Боғи Ирам”, “Дӯстии халқҳо”, “Майдони 800-солагии Маскав” ва “Кӯли ҷавонон”, инчунин 23 март аз соати 10 Наврӯз дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт ҷашн гирифта мешавад. 24 март сотаи 14:00 дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” мусобиқаи гӯштини миллӣ ва 25 март сотаи 10:00 мусобиқаи пойга ташкил мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз таърихи беш аз 6 ҳазорсола дошта, дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






