Шурӯи мубориза бар зидди малах

Март 12, 2014 15:50

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар ҷаласаи ситоди аввалини мубориза бар зидди малах ва ҳашаротҳои зараррасони боғу токзор дар соли 2014 баргузор гардид. 
Дар кори ситод  мутахассисони вазорат ва корхонаҳои зертобеи он, намояндагони мақомоти иҷроия ва сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангал ва  Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа  ширкат варзиданд. 
Қосим Роҳбар дар ҷаласаи ситод  аз тадбирҳои андешидашуда баҳри мубориза бар зидди малах,  ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз  зараррасонҳо, махсусан дидани чораҳо барои аз касалиҳо эмин  доштани боғу токзор, истифодаи  самараноки техника, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ аз масъулини соҳа  пурсон шуда,  дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон дар лоиҳаи қарори ҷаласаи ситод зикр шуд, ки  дар вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳо оид ба мубориза бар зидди малах ва  ҳашаротҳои зараррасони соҳаи кишоварзӣ таъсис дода шаванд. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, тибқи нақша ҷаласаҳои ситодҳои маҳаллии мубориза бар зидди малах аз 27-ум то 31-уми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон,  аз 15-ум то 25-уми апрел дар ноҳияи Зарафшони вилояти Суғд ва 9-уми  апрел дар ноҳияи Турсунзода доир мешаванд.
 
 

Март 12, 2014 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст