Таваллудхона нав дар Шуғнон
Хоруғ, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар маркази ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бинои нави таваллудхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино дорои 15 кат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ чиҳозонида шудааст. Мудири бахши тандурустии ноҳия Уктамбек Темурбеков гуфт, ки ноҳияи Шуғнон яке аз калонтарин навоҳии вилоят ба шумор рафта, аксари деҳоташ аз маркази вилоят- шаҳри Хоруғ дур ҷойгиранд. Дар вақти интиқол додани занони ҳомила ба таваллудхонаи шаҳрӣ, бахусус дар фасли зимистон мушкилоти зиёд пеш меоянд. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ зарур донист ин таваллудхонаро боз намояд. Ин тадбир имкон дод, ки боз 20 нафар табиб, ҳамшираи шафқат ва дигар мутахассисон соҳиби ҷои кор гарданд.
Раиси Шӯрои бонувони ҷамоати деҳоти Сучон Нозукмо Шомусалламова бо изҳори минатдорӣ аз ҳукумати кишвар мегӯяд, ки дар ноҳия мушкилоти занони ҳомила аз замони шӯравӣ низ вуҷуд дошт, аммо бо ҳар баҳона ба қафо партофта мешуд. Ду сол қабл сокинони ноҳия бо ироаи як нома аз Вазорати тандурустӣ тақозо намуданд, ки барояшон чунин беморхона боз намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






