Вохӯрии иттиҳоди коршиносон дар Москва

Март 1, 2014 12:23

    Душанбе, 1.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар Москва таҳти раисии директори  Хадамоти федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати интиқоли маводи мухаддир Виктор Иванов вохӯрии иттиҳоди  коршиносон дар мавзӯи «Кам кардани ҳукми нашъамандӣ тавассути ҳамкории  полис», бо мақсади омодагии вохӯрии роҳбарони раёсатҳои зиддинашъамандии «Ҳаштгона» баргузор гардид.
 
Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  аз 40 кишвари дунё ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ , аз он ҷумла СММ, СҲШ, СААД , БРИКС ва дигарон иштирок намуданд.
 
Директори Хадамоти федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати интиқоли маводи мухаддири Русия Виктор Иванов бо маърӯзаи «Барҳам додани марказҳои нашъаистеҳсолкунандаи планетарӣ (давродавр) — мақсади стратегии ҳамкории байналмилалии полис» баромад намуд.
 
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
 
 Дар ин бора аз маркази матбуоти АНММ  ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.
 
 

Март 1, 2014 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад