Вохӯрии иттиҳоди коршиносон дар Москва
Душанбе, 1.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар Москва таҳти раисии директори Хадамоти федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати интиқоли маводи мухаддир Виктор Иванов вохӯрии иттиҳоди коршиносон дар мавзӯи «Кам кардани ҳукми нашъамандӣ тавассути ҳамкории полис», бо мақсади омодагии вохӯрии роҳбарони раёсатҳои зиддинашъамандии «Ҳаштгона» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз 40 кишвари дунё ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ , аз он ҷумла СММ, СҲШ, СААД , БРИКС ва дигарон иштирок намуданд.
Директори Хадамоти федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати интиқоли маводи мухаддири Русия Виктор Иванов бо маърӯзаи «Барҳам додани марказҳои нашъаистеҳсолкунандаи планетарӣ (давродавр) — мақсади стратегии ҳамкории байналмилалии полис» баромад намуд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти АНММ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






