10 апрел -Рӯзи Кӯшунҳои дохилӣ
Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз бахшида ба Рӯзи таъсиси Кӯшунҳои дохилӣ дар як қатор қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилӣ чорабиниҳои идона баргузор гардиданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ин чорабиниҳо кормандони масъули соҳа ва афсарону сарбозон иштирок намуданд.
Бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тӯли фаъолияти 20-солааш он ёвари боэътимоди қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон будани худро собит сохт. Ҷузъу томҳо он замон аз ҷиҳати таъминоти техникӣ номукаммал ва дар ҳайати шахсии он танҳо кадрҳои маҳаллӣ боқӣ монданд. Аксари ҷавонмардон аз ҳайати шахсии Кӯшунҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки хизматро адо мекарданд, воқеияти хавфу хатар доштани мухолифати дохилиро ба хубӣ дарк мекарданд. Аз ин рӯ, ҳамчун афсарони ба қисми ҳарбӣ содиқ дар сафи ватандӯстони асил ҷой гирифтанд ва баҳри осудагии мардум, сулҳу субот, истиқлоли Ватан ҷонбозиҳо карданд. Амалиёти бобарору ҳалкунанда бар нафъи сулҳу осудагии диёр дар фаъолияти 20-солаи Кӯшунҳои дохилӣ зиёданд. Дар рӯзҳои осоишта низ онҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматии худ устуворанд.
Меъёри аёнияти маҳорату малакаи ҷангӣ ва омодагӣ ба корнамоию фидокорӣ дар ҳаёти осоишта ин машқҳои гуногунмавзӯи низомӣ мебошанд. Аз машқҳои низомии муштараки сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои ИДМ таҳти унвонҳои «Сипар», «Сипари ҷануб»-и зиддитеррористӣ маълум шуд, ки нишондодҳои ҳайати шахсии Кӯшунҳои дохилӣ фарқкунанда ва мусбат арзёбӣ гардидаанд. Хусусан иштироки онҳо дар машқҳои муштараки дараи Мағов сазовори баҳои баланди нозирони низомии байналмилалӣ гашта, унвони «Уқоби кӯҳӣ»-ро соҳиб шуданд. Бештар аз 150 нафар афсарон, пропоршикҳо ва сарбозон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи давлатҳои аъзои ИДМ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






