Ҳадафи асосӣ -эмин доштани одамон аз хатари маводи нашъаовар

Апрель 21, 2014 09:54

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). 18 апрели соли ҷорӣ ҳайати вакилони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин  таҳти роҳбарии аъзои шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятӣ Го Шенкун аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) дидан намуд.
Директори агентӣ Рустам  Назаров ба меҳмонон оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ иттилоъ дода, инчунин бо сохтори агентӣ, бо тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, оид ба ҳамкории муштарак бо Вазорати амнияти ҷамъиятӣ шинос намуд. Роҳбари агентӣ иттилоъ дод, ки дар чорчӯбаи робитаҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд бо Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ташаббусҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳамкорӣ бо ҳампешагони афғон 225 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид, 49 ташхисгоҳи пинҳонӣ оид ба истеҳсоли героин ошкор шуд. Ин миқдор маводи нашъадор метавонист на танҳо ба қаламрави Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла ба Чин ворид шавад. 
Вазири амнияти ҷамъиятии Чин гуфт: “Кори ҳаррӯзаи мо саҳми умумӣ барои ҳифз намудани саломатӣ мебошад. Масъалаи паҳншавии маводи нашъаовар рӯз то рӯз вусъат меёбад, чунки ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар бо терроризм ва экстремизм алоқаи зич доранд. Чин ва Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя мебошанд ва ҳадафи асосии мо — эмин доштани одамон аз хатари маводи нашъаовар мебошад”. Го Шенкун пешниҳод намуд, ки мубодилаи иттилоот байни агентӣ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин, ҳамкории тарафайн дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шавад. Тарафҳо метавонанд механизми ҳамкориро ба роҳ монанд, гурӯҳҳои корӣ барои гузаронидани амалиёт аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда” созмон диҳанд, ҳамкориро дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай пешбарӣ намоянд.
Тарафҳо як силсила ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла “Қарордод байни АНМН ҶТ ва ВАҶ ҶМЧ оид ба додани таҳҳизоти полис дар чорчӯбаи мусоидати ройгон” ва “Протокол дар бораи мақсадҳо оид ба истифодаи усули “Интиқоли назоратшаванда”-ро имзо намуданд.
 

Апрель 21, 2014 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе