Ҷаласаҳои гуногунсатҳ дар чорчӯбаи СҲШ дар Пекин
Душанбе, 25.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Аз 22 то 25 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин дар котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва Гурӯҳи кории коршиносон (ГКК) оид ба масъалаҳои васеъшавии созмон, инчунин машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯи «Ҳамкориҳо миёни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон» баргузор шуданд.Дар ҷараёни ҷаласаи ШҲМ СҲШ мавзӯъҳои вобаста ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Остона, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе, ҷаласаҳои коршиносон ва роҳбарони вазорату идораҳои гуногун, ки баргузории онҳо соли ҷорӣ дар чорчӯбаи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таъсис додани механизми ҳамкориҳоро бо давлатҳои нозири СҲШ мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷаласаи ГКК оид ба масъалаҳои васеъшавии созмон барои баррасии мавзӯи такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии механизми қабул намудани давлатҳои аъзоҳои нав ба СҲШ доир гардид. Дар ин робита дар ҷараёни ҷаласа лоиҳаҳои таҳрири нави Ёддошти тафоҳуми намунавӣ дар бораи уҳдадориҳои давлати дархосткунанда бо мақсади гирифтани мақоми давлати аъзои СҲШ ва тартиби додани мақоми давлати аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қабули ҳуҷҷатҳои мазкур соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар назар дошта шудааст.Зимни машваратҳои роҳбарони хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ мавзӯъҳои вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи таъминоти иттилоотии фаъолияти созмон муҳокима шуда, лоиҳаи нақшаи таъмин намудани инъикоси иттилоотии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе ҳамоҳанг гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






