Ҷаласаи СҲШ чӣ натиҷа хоҳад дод?
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанд рӯз қабл дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он вазирони мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Русия ва муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд. Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷараён гирифт.
Дар ҷаласа доир ба рушди минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор сурат гирифта, вазъи кунунии Сурия, Украина ва дурнамои бехатарӣ ва таъмини субот дар Афғонистон вобаста ба ихроҷ гардидани неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар муҳокима гардида, баҳри муътадил нигоҳ доштани сулҳу субот ва амнияти минтақа изҳори назар карда шуд. Инчунин бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои кори ҷаласа, ки вобаста ба рушди ҳамкориҳои низомии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, соли 2013 дар шаҳри Бишкек доир гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре ки дар ҷаласа вазирони мудофиа зикр намуданд, бо риояи меъёру талаботи байналмиллалӣ, заминаҳои мустаҳками қарордодию ҳуқуқӣ, иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба оинҳои миллӣ, шартномаҳои ба мувофиқарасида, кӯшиши ҳамаҷониба ба баробарҳуқуқиву ҳамгироӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши муносибатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, натиҷаҳои дилхоҳро дар самти ҳамкориҳои хуби ҳам марзӣ, амниятӣ, дӯстӣ ва таҳким бахшидани иттиҳоди муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва густариши робитаҳои гуногунҷабҳа, дар доираи ин созмон, яке аз самтҳои афзалиятнок дар самти муқовимат нишон додан бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ арзёбӣ гардид. Вазирони мудофиа бо назардошти ихроҷи неруҳои байналмиллалии посдори сулҳ аз Афғонистон ва эҳтимолияти номӯътадил гардидани вазъи бехатарӣ дар ҳудуди кишварҳои аъзои созмон изҳори нигаронӣ карда, густариши нақшаҳои бисёрҷанбаро дар самти муносибатҳои низомӣ хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Ба андешаи вазирони мудофиа, ҳамарӯза дар ҷомеаи пешрафтаи муосир истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, дар самти эҷоди хатарҳои нав ба ташкили ҳадафмандонаи терроризму дигар ҷиноятҳо равона мегарданд, ки он метавонад ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа, кишварҳои алоҳида ва дар маҷмӯъ, ҷаҳон таъсири манфӣ расонад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа дар ҷараёни баргузории ҷаласа вазирони мудофиа, инчунин масоили вобаста ба омодагӣ ва баргузории машқҳои муштараки зидди террористӣ, ки таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2014» дар ҳудуди Ҷумҳурии мардумии Чин ба нақша гирифта шудаанд, мавриди муҳокима қарор доданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






