Ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои СҲШ дар Қайроққум
Хуҷанд, 02.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-1 апрел дар шимоли кишвар- шаҳри Қайроққум ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Он таҳти роҳбарии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Шералӣ Мирзо гузашт. Тавре ки намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа ҳайатҳои низомии Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон таҳти роҳбарии вазирони дифои ин кишварҳо Шералӣ Мирзо, Сергей Шойгу, Чан Вансуюан, Адилбек Ҷаксибеков, Таалайбек Омуралиев ва ҳайати низомии Ўзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири дифои ин кишвар Баҳодур Тошматов иштирок карданд.
Дар ҷаласа доир ба рушди минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷараёни омодагӣ ва баргузории машқҳои муштараки зидди террористӣ, ки таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2014» дар Ҷумҳурии Чин ба нақша гирифта шудаанд, мубодилаи афкор сурат гирифта, вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ вазъи кунунии Сурия, Украина ва таъмини субот дар Афғонистонро пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин бо назардошти баровардани неруҳои байналмилалии посдори сулҳи НАТО аз Афғонистон ва эҳтимолияти номӯътадил гардидани вазъи бехатарӣ дар ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ изҳори нигаронӣ карда шуда, густариши нақшаҳои бисёрҷониба дар самти муносибатҳои низомӣ хеле муҳим арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






