Ҷамъомади васеи корӣ дар ҳузури Сарвари давлат

Апрель 23, 2014 17:31

Душанбе, 23.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади васеи корӣ баргузор гардид.Ҷамъомади васеи корӣ бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи вилояти Суғд доир ба ташкили марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва зардӯзию гулдӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, хусусан навсозии роҳҳои мошингард ва омодагӣ ба зимистони оянда аз масъалаҳои асосии ҷамъомад номида шуд.Чунонки зикр гардид, дурнамои киштукори баҳорӣ то имрӯз дар вилояти Суғд ба андозаи 70% ва дар вилояти Хатлон 88% иҷро шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба кортошка дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар, ба афзун намудани майдони кишти ин зироат ва ҳосилнокии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ пешгирӣ карда шавад.Доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва дигар минтақаҳои кишвар, ки аз он хисороти калон дидаанд ва ҳам доир ба захира намудани маводи барои чунин ҳолатҳо зарурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.Таъкид гардид, ки то 10 май раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба навсозии роҳҳо, сохтмони мактабҳою беморхонаҳо, синфҳои иловагӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шир, гӯшт, пӯст ва пашм ва ҳамчунин бунёди боғҳо ҳисобот пешниҳод намоянд.Дастуру ҳидоятҳо доир ба омодагӣ ба 20-солагии Конститутсия ва Суруди миллӣ ва бузургдошти 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам дода шуд.

Апрель 23, 2014 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик