Ҷавонон ихтиёран ба хизмати Ватан мераванд
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар айни замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 35 дарсад нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шудааст ва масъулини соҳа азм доранд, ки пешсафиро аз даст надиҳанд.
Дар ноҳияи Ғончӣ низ даъвати ҷавонон хуб ҷараён дорад. Дар ноҳия иҷрои нақша ба 30 фоиз баробар шудааст. Масъулини соҳа азм доранд то муҳлати пешбинишуда нақшаро ба иҷро расонанд.
Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ноҳияи Мастчоҳ низ бештар гардида, шумораи хоҳишмандон дар ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ торафт зиёд мегардад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, маъракаи даъвати баҳории ҷавонон дар ноҳияи Рашт низ ба таври зарурӣ ҷараён дорад. Масъулини мақомоти вобаста ба даъват дар миёни комиссияҳои даъватии ин минтақа, аз ҳама пешсаф буда, ҳамасола дар маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои нақшаро дар сатҳу дараҷаи баланд ва пеш аз муҳлат анҷом медиҳанд.
Гусели ҷавонон ба сафҳои артиш ва маъракаҳои даъватӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ба роҳ монда шуда, дар нахустрӯзи даъвати мавсими баҳории соли равон беш аз 70 нафар ҷавонписар ба Комиссариати ҳарбӣ ихтиёрӣ ҳозир шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






